Бобохонов сардори шӯъбаи Прокуратураи генералӣ таъин шуд

Фирӯз Бобохонов, писари Бобоҷон Бобохонов, Прокурори генералии собиқи Тоҷикистон, сардори яке аз шуъбаҳои ин сохтор таъин шуд. Ӯ ҳамчун масъули назорати иҷрои қонунҳо дар Муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ фаъолият хоҳад кард

Фирӯз Бобохонов ёздаҳ сол собиқаи корӣ дорад. Пештар дар прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои гуногуни Прокуратураи генералӣ  ҳамчун муфаттиш кор кардааст.

Бобоҷон Бобохонов соли 2010 аз мансаби Прокурори генералии Тоҷикистон барканор шуд ва дар даҳ соли ахир ҳеч мансабе нагирифт. Пас аз барканории ӯ, писараш Файзулло Бобохонов, прокурори собиқи Ҳисорро боздошт ва ба ҳафт соли зиндон маҳкум карданд. Вай соли 2013 озод шуд, аммо то соли 2018 бекор буд.

Бобоҷон Бобохоновро ягона нафаре буд, ки ду навбат панҷсолӣ вазифаи Прокурори генералиро ба ӯҳда дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *