Президент аз марги Жискар д’Эстен андӯҳгин аст

Президент Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Фаронса Эммануэл Макрон бо сабаби фавти Валери Жискар д’Эстен барқияи таслият фиристод.

 Дар ин бора котиботи Президент иттилоъ додааст.Ба гузориши манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти президенти собиқи Фаронса Валери Жискар д’Эстен изҳори ҳамдардӣ кардааст.

«Хабари даргузашти собиқ Президенти Фаронса Валери Жискар д’Эстен боиси андӯҳи  мо гардид», — гуфтааст дар он барқия Эмомалӣ Раҳмон  .

«Номи ӯ дар таърихи муосир ҳамчун сиёсатмадоре, ки дар таъмиқи раванди ҳамгироии Аврупо ва ташаккули асосҳои таъсис додани Иттиҳоди Аврупо нақши босазо гузоштааст, ба ҳамешагӣ боқӣ мемонад», — омадааст дар барқия.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Макрон хоҳиш кардааст, ки изҳори ҳамдардиашро ба пайвандони марҳум ва мардуми Фаронса расонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *