“Бесарпарастон”-и бесарпаноҳ “Нигоҳи нав” – театри номақбул
“Дидам тиреза ба театр худоҳофизӣ мекард, Хуршед аз нороҳатӣ ҳарф намезад. Қурбон солони иҷро надошт ба як нафар бозигар, Ва Барзу рафт… Ва дар охир ба умеди он рӯзе ки ҳеҷ театре хароб нагардад!”- ин паёми коргардони намоишномаи “Журналист” Сом Ҷаводӣ буд, ки аз Амрико садо медод ва парда аз рӯйи намоишнома бардошт. Намоишномае ки дар бораи журналист буд ва ба толори пури журналист ироа мегардид.
Аз “Бесарпарастон” то “Нигоҳи нав”
5 сол қабл 8 нафар ҳунарманди ҷавон дар фикри ташкили як гурӯҳи театрӣ шуданд ва ибтидо дар хиёбонҳои шаҳр тамрин карда, намоишнома нишон медоданд. Тӯли ин солҳо борҳо ба вазорати фарҳанг барои кумак муроҷиат карданд, аммо ҳанӯз аз ҷониби Вазорат барояшон кумаке нарасидааст. Соли 2013, замоне ки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода шуд, аъзои ин гурӯҳ ба эшон муроҷиат карданд, то барои дарёфти бино барояшон кумак кунад, аммо вазири нав ҳам ба арзашон гӯш накард ва ин гурӯҳи театрӣ, ки имрӯз аз “Бесарпарстон” ба “Нигоҳи нав” табдили ном кард, то имрӯз бесарпаноҳ аст.
Тӯли ин солҳо “Бесарпарастон” ва баъдан “Нигоҳи нав” чандин намоишнома, аз ҷумла “Минималсит”, “Бӯсаҳои зери по”, “Ҷеғи бунафш” “Журналист” ва ғ. ро пешкаши тамошобинон карданд. Ҳадафашон ҳам ворид кардани сабки нав дар театри тоҷик, муаррифии ҳунармандони ҷавону касбӣ ва баргардондани тамошобин ба театр буд. Аммо ба ҳама маълум, ки расидан ба чунин ҳадафҳо дар натиҷаи дастгирии театри нав ба амал меояд, аммо ин гурӯҳ аз дастгириҳо бархӯрдор набуданд ва ҳанӯз ҳам нестанд. Бо вуҷуди ин шавқу ҳавас ва устуворӣ ба ҷавонон имкон дод, ки то имрӯз, яъне панҷ сол дар саҳна монанд ва фаъолияташонро идома диҳанд.
“Нигоҳи нав” аз шеваи нави таҳияи намоишҳо кор гирифтааст, ки дар он бешатар пластика – бадан кор мекунад ва тамоми моҳияти намоишро ҳаракат ифода мекунад. Ин гуна театр ва чунин шеваи пешкаши намоишномаҳо аллакай дар Аврупову Амрико роиҷ аст.
“Вақте театр аз коғаз сохта мешавад…”.
“Журналист” аз рӯйи асар ва дар таҳияи коргардон Сом Ҷаводӣ ба саҳна гузошта шуд. Ин намоишнома бо як ҷумла асари замонавӣ аст. Идеяи таълиф ва пешниҳоди чунин як асар дар саҳнаи театр, бисёр муфид ва зарурист. Зеро он оҳанги баланди иҷтимоӣ дорад ва ба нозуктарин дардҳои ҷомеаи мо дахл мекунад.
“Журналист” аз зиндагии сахту вазнини рӯзмарраи як рӯзноманигор бо номи Далери Эмомалӣ (актёр Далери Эмомалӣ), ки саҳифаи “ҳодиса”-и рӯзномаро мебарад нақл мекунад. Бандубасти асар бисёр ҷолиб аст. Табиист, ки ҳаёти як рӯзноманигор аз набзи ҷамъият дур буда наметавонад. Бо ин сабаб коргардон бисёр нозук бо овардани эпизодҳои ҷолиб дар бораи камбудиҳои ҷиддии ҷомеаи мо ҳарф мезанад. Журналист бо вуҷуди ҷаҳду кӯшиш ва часпу талоши зиёд, маоши ночиз мегирад ва наметавонад рӯзгори худашу ҳамсарашро (ҳунарпеша Соро Собир) таъмин кунад. Аммо ҳамсараш мехоҳад, ки онҳо соҳиби фарзанд шаванд ва барои ин тамоми кӯшишу талошро мекунад, лекин шавҳараш ба ин розӣ нест, зеро аз уҳдаи таъмини кӯдак намебарояд. Ҳамин гуна бо истифода аз конфликтҳои бисёр печдарпеч ва саҳнаҳои, метавон гуфт, пурдаҳшати ҳаёти як журналист, муаммоҳои зиндагии муосир, ошкор ва рӯҳияи мардуми мо кушода шудааст.
Дар ин намоиш образи ҳамсари журналист, ки аз ҷониби ҳунарманди ҷавон Соро Собир офарида шуд ҷолиби диққат аст. Ин ҷо бо рӯзномнигор Абдураҳмон Раҳмонов мувофиқам, ки вақти муҳокима гуфт: “Мо имрӯз Сороро чун ҳунарманд кашф кардем”.
Воқеан бо доштани чунин имкониятҳои танг дар саҳнаи танги театри “Ҷавонон” офаридани чунин намоишнома, қобили таҳсин аст. Декоратсияи ягонаи ин намоишнома чанд нусха газета буд. Ба гуфти журналист Иршод Сулаймонӣ: “Вақте театр аз коғаз сохта мешавад…”.
“Журналист” бо доштани баъзе камбудиҳо, масалан истифодаи васеъ аз лаҳҷа, ки барои театр ноҷоиз ва ҳатто ғалати фаҳш маҳсуб мешавад ва истифода аз вожаҳои кӯчагӣ ва русӣ, дер ворид шудани ҳунармандони ҷавон ба нақш, ба рӯҳияи тамошобинон сахт таъсир расонид. Баъди баромадан аз толор касе намехост, хонааш равад, тӯда -тӯда ҷамъ шуда, намоишномаро муҳокима мекарданд.
“Нигоҳи нав” – “театри нав”
“Нигоҳи нав” нигоҳи нав ба театр аст. Рӯзи пешкаши намоишномаи “Журналист” Тағоймурод Розиқов, ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт: «Хунармандони касби низ бояд меомаданду медиданд, ки намоишнома чист!». «Ва дарк мекарданд, ки тамошобин ба кадом намоишнома рафтан мехоҳад!»- навишт баъди ин рӯзноманигор Раҷаби Мирзо дар посташ.
Воқеан чаро ин бачаҳо дастгирӣ намебинанд? Чаро дар панҷ сол аз ҷониби ягон мақомот бо бино таъмин намешаванд? То ба кай ин бачаҳо саҳнаталабӣ кунанд? Рӯзи таҳияи намоиши журналист, як нафар намояндаи вазорати фарҳанг ҳатто дар он ширкат надошт. Бо вуҷуди ин аз тамоми ҳунармандони соҳибмактабу шинохта танҳо Қурбони Собир, Тағоймуроди Розиқ ва Моҳпайкар Ёрова ба чашм намудор буданд. Яъне бачаҳои гурӯҳи театрии “Нигоҳи нав” натанҳо ба мақомот, балки ба устодони санъат ҳам такя карда наметавонанд.
Шумо тасаввур кунед, ки ин гуна як дастаи ҳунарӣ дар Аврупову Амрико ё Русияву Қазоқистон ташкил шавад? Дар он ҷойҳо чӣ муносибате ба онҳо сурат мегирад? Воқеан, ин бачаҳо ниёз ба дастгирӣ доранд, дастгирии молӣ, иттилоотӣ, равонӣ ва касбӣ… Аммо, мутаассифона, аз ҳеҷ кадоме бархӯрдор нестанд.
Ҳатто як рӯз пеш аз намоиши “Журналист”, театршинос Тамара Абдушукурова ҳунармандони ҷавонро зери тозиёнаи танқид гирифтааст, ки, албатта, ин ба рӯҳияи ҳунармандон таъсири манфӣ мерасонад. Бо вуҷуди он ки мутахассиси театр нестам, иддао намекунам, ки ин ҳунармандон пурра ҳирфаӣ ҳастанд ва фақат шедевр меофаранд. Воқеан, камбудиҳои ҷиддӣ ва зиёд дар корашон ҷой дорад, аммо сухан аз ташаббус меравад. Бояд ҳунармандони касбӣ, коргардонҳои ҳирфаӣ, устодони санъат дар китфи ҷавонон рост истанд ва ба онҳо кумак кунанд, на аз дур истода бетарафӣ нишон диҳанд.
Дар ҷашнвораи навбатии “Нигоҳи нав” ҳунармандони ҷавон аз Қазоқистон буданд, ки касбияташон аз бачаҳои мо боло буд, зеро онҳо дастгирӣ доранд, дар театри ба номи М. Аузов кор мекунанд. “Шоҳ Лир”-е, ки аз ҷониби коргардони ҷавон Е.Нурсултан намош дода шуд, хело ҷолиб ва диданӣ буд.
Дар ҳоли ҳозир ҳукумати давлати Тоҷикистон талош дорад, ки ҷавононро аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористиву экстримистӣ боздорад. Магар театр василаи беҳтарин буда наметавонад барои расидан ба ин ҳадаф? Магар театр воситаи муҳими тарбия нест?
Пас магар хуб нест, аз бачаҳое ки атрофашон ҳам тарафдор ҷамъ кардаанд, ҳам тамошобин доранд, истифода кард. Касе то имрӯз фикр накардааст, ки чаро театри касбӣ ва классикии тоҷик тамошобинро аз даст дод? Аммо як дастаи театрие, ки ҷавонон ташкил карданд, то ин ҳадд маъруф шуд.
Магар ин ҷо ҷавобҳои: “Театри классикии мо кӯҳна шуд!”, “Дар театри касбии мо муҳтавои намоишнома дархӯрди ҷомеа нест!”, “Театри мо ҳанӯз ба асри 21 нагузаштааст, ки ҳатто аз таблиғ истифода карда наметавонад” ва ғайруҳу… — дар сар чарх намезанад?
Ҳанӯз ҳам аъзои гурӯҳи театрии “Нигоҳи нав” хаста нашудаанд, аммо ин наметавонад доимӣ давом кунад. Як рӯз фаро мерасад, ки инҳо ҳам аз беэътиборӣ нисбаташон хаста мешаванд ва ҳама чизро раҳо карда мераванд… мисли бисёриҳо… Ва ин ҷо боз мо мемонему мисли кампири афсонаи “Мӯйсафед ва моҳии тилло”-и Пушкин, лаганди кӯҳнаамон…
Одили Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ