15 мусобиқаи нав дар Олимпиадаи Токио-2020
9 июн дар қароргоҳи Кумитаи байналмилалии олимпӣ – шаҳри Луизаннаи Швейтсария – ҷаласаи кумитаи иҷроия баргузор гардид, ки дар он аз ҷумла ба барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 тағйирот ворид карда шуд.
Тавре сомонаи расмии Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) хабар додааст, ҷиҳати ба барномаи бозиҳо 15 мусобиқаи нави варзиш ворид кардан қарор қабул шуд. Дар намуди шиноварӣ ду масофаи дигар илова гардид – 800 ва 1500 метр, инчунин эстафетаи омехтаи 4х100. Мусобиқаи даставӣ ба варзиши сабук ворид карда шуд. Намуди баскетболро формати 3х3 пур кард, ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ низ қувваозмоии даставӣ ҳамроҳ карда шуд, дар шамшербозӣ – мусобиқаи даставӣ миёни мардон ва занон. Мусобиқаҳои омехтаи даставӣ дар намудҳои камонварӣ, дзюдо, триатлон ва тенниси рӯи миз низ ворид шуд.
Дар намудҳои варзиши баҳрӣ ва тирпаронӣ, ҳамчунин як қатор дараҷаҳои вазнӣ дар бокс, ки фақат мардҳо баромад мекарданд, акнун занҳо низ қувва меозмоянд. Ба хотири баробарии зану мард дар намуди вазнбардорӣ як дараҷаи вазнӣ кам карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта КБО ба барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 5 намуди варзишро ворид карда буд – бейсбол/софтбол, карате, серфинг, шӯхпаймоӣ ва скейтбординг.
«Қувваозмоиҳои нав, ки мо бар иловаи 5 намуди варзиш ба Бозиҳои олимпӣ ворид кардем, қадами навбатӣ дар тағйир додани барномаи олимпӣ мебошад. Бисёр хуб аст, ки Бозиҳои олимпӣ дар Токио ҷавонтар, шаҳритар гардида, варзишгарони ҷинси латифро бештар ҷалб мекунад”, — гуфтааст Томас Бах – Президенти КБО.
Хотиррасон мекунем, ки Бозиҳои тобистонаи олимпии 2020 аз 24 июл то 9 август дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ