Медали ҷашнии ҲХДТ ба Комроншоҳи Устопириён

Якшанбеи гузашта раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода Чемпиони Осиё оид ба дзюдо Комроншоҳи Устопириён ва устоди ин варзишгари номӣ Усто Устопириёнро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд хабар доданд, Сарфароз Фаттоҳзода Комроншоҳи Устопириёнро бо муваффақияти навбатии варзишӣ табрик намуд.
Ин паҳлавони тоҷик 26-28 майи соли равон дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо иштирок намуда, бори дуввум унвони чемпиони қораро сазоволр гардид.

Комроншоҳ дар вазни то 90 кг дар се давра аз болои ҳарифонаш ғалаба карда, медали тиллои мусобиқаи қаҳрамонии Осиёро ба даст овард. Ин пирӯзии бузург паҳлавони тоҷикро дар феҳристи ҷаҳонии Федератсияи дзюдо дар зинаи сеюм қарор гирифт, ки натиҷаи беҳтарин мебошад.

Ғолибияти Комроншоҳ туҳфаи арзанда дар Соли ҷавонон ба мухлисону ҳаводорон ва мардуми сарбаланди кишвар мебошад. Ӯ ин дастовардро натиҷаи ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон медонад. Ба андешаи Усто Устопириён, дар рушду пешрафти Комроншоҳ ҲХДТ низ нақши муҳим дорад, зеро Комроншоҳ узви фаъоли ҲХДТ маҳсуб шуда, бо комёбиҳои худ шарафу нуфузи ҳизби мазкурро боло мебардорад.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода қаҳрамони мусобиқаи Осиё оид ба дзюдо Комроншоҳи Устопириён бо медали ҷашнии ҲХДТ ва устоди варзиш Усто Устопириёнро бо Ифтихорномаи КИ ҲХДТ сарфароз гардонид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *