Маҳфили ширу шакар бахшида ба зодрӯзи устод Лоиқ дар ДДҲБСТ
«Сайре дар шеъристони Лоиқ» – таҳти ин ном дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳфили ширу шакар баргузор шуд.
Бино ба иттилои Сино Ғафурӣ, сухангӯи ин донишгоҳ, маҳфили адабию фарҳангӣ ба ифтихори зодрӯзи Лоиқ Шералӣ роҳандозӣ гардида, дар он дӯстдорони ашъори шоир, дилбохтагони адабу фарҳанг ва аҳли қалам ширкат намуданд.
Садри маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон, шоираи маҳбуби кишвар Фарзона буд. Нахуст шоира Фарзона перомуни таваҷҷуҳи давлату ҳукумат ба адибон ва нақши онҳо дар тарғиби арзишҳои милливу дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ҳарф зад.
Дар идома шоира дар мавриди хотирот бо Лоиқ Шералӣ ва ашъори ноб ӯ ибрози андеша кард. Гуфта шуд, ки шеъри устод Лоиқ бо тозакории бешабоҳат бо растохезҳои пиндору андеша, бо суннатгароиву суннатшиканиҳои диловарона, бо ишқу ормону башорату иршодҳои шоиронаву ошиқона, бо ҷазаботи инсониву кайҳонӣ, бо пояҳову мояҳои милливу башарӣ – бо рӯҳи фотеҳи офоқгираш дили дӯстдорони сухани волоро шод кардааст.
Дар идомаи маҳфил сарояндагони кишвар Саидқодир Ёқубов ва Умарҷон Қобилов бо сурудҳои хеш, ки матни онҳо аз ашъори Лоиқ Шералӣ мебошад, хотири иштирокчиёнро болида намуданд.
Ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода дар интиҳои маҳфил сипосмандии раёсати донишгоҳро ба иштирокчиён, хосатан Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона расонида, қайд намуд, ки баргузории чунин маҳфилҳо ҷавононро ба худшиносиву маърифатпарварӣ, тарғиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, инсондӯстӣ ва арҷгузорӣ ба ашъору осори бузургон раҳнамун месозад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ