“Поси хотир”. Дар Бохтар аз Аловуддин Абдуллозода ёд карданд (аудио)

Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар маҳфили фарҳангию адабии “Поси хотир” ба хотири марҳум Аловуддин Абдуллозода доир гардид.

Саидзода Отахон, директори Театри вилоятии муқисӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки мақсад аз ташкил ва баргузории маҳфили фарҳангию адабии “Поси хотир” ёде аз Аловуддин Абдуллозода ва хизматҳои кардаи ӯ буд. Ӯ мегӯяд, ки дар ин рӯз намоиши либоси саҳнавӣ ва аксҳо аз лаҳзаҳои омода кардани намоишномаҳои ҳунарманди марҳум ба тамошо гузошта шуданд.

Ҳунармандони театр ва шогирдони марҳум Аловуддин Абдуллозода бо саҳнаҳои «Шӯхиҳои Аловуддин» хотири ҳозиринро шод карданд.

Дар ин чорабинӣ устодону наздикони марҳум, ҳунармандон ва шогирдонаш иштирок доштанд. Дар баробари ба маърази тамошо гузоштани либосҳои саҳнавӣ ва саҳначаҳои “Шӯхиҳои Аловуддин” ба иштиокчиён китоби тозанашри “Ситорае, ки маснади самоӣ дошт” тақдим карда шуд.

Саидзода Отахон мегӯяд, ки дар ин рӯз китобе таҳти унвони “Ситорае, ки маснади самоӣ дошт” аз чоп баромад. Ин китоб аз 40 саҳифа ва 200 нусха иборат буда, сугномаҳои шоирону нависандагони тоҷикро дар васфи Аловуддин Абдуллозода гирд овардааст.   

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.