19-умин бозиҳои Осиё: Шаҳрдории Душанбе ба барандагон хона туҳфа мекунад
Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе зимни мулоқот бо ҳайати дастаи варзишгарони Тоҷикистон, ки дар 19-умин бозиҳои Осиё дар Чин ширкат мекунанд, гуфт, ки дар баробари ҷоизаи раисҷумҳури Тоҷикистон ба ғолибони ин бозиҳо хонаи маскунӣ тақдим хоҳад шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, тибқи қарор ба варзишгарони Тоҷикистон, ки дар 19-умин бозиҳои Осиё дар Чин нишони тилло ба даст меоранд, манзили сеҳуҷрагӣ, барандагони нишони нуқра дуҷуҳрагӣ ва гирандагони нишони биринҷӣ якҳуҷрагӣ туҳфа карда мешавад.
— Дар баробари ин, бояд гуфт, ки барои ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷоизаи раисҷумҳури Тоҷикистон низ пешбинӣ шудааст, ки барои нишони тилло 150 ҳазор сомонӣ, нуқра — 100 ҳазор сомонӣ ва биринҷӣ — 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад,- меафзояд манбаъ.
Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистонро дар 19-умин бозиҳои Осиё дар Чин 118 варзишгар дар 19 риштаи варзиш муаррифӣ хоҳанд кард.
Бозиҳои Осиё дар шаҳри Ҳанҷоуи Чин аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиё 481 маҷмуи медалҳо дар 40 риштаи варзиш бурд карда мешаванд.
Мусобиқаҳо дар 54 майдони варзишӣ дар Ҳанҷоу ва 5 шаҳри музофоти Ҷезиён — Нинбо, Вэнҷоу, Синхуа, Шаосине ва Ҳуҷоуи Чин сурат мегиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ