$21 миллион кумаки БОР ба НБО “Сарбанд”

Бонки осиёии рушд барои навсозии неругоҳи «Сарбанд» 21 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашт ҷудо кард.

Тавре дафтари матбуоти ин бонк хабар дод, ин пул барои таҷдиди неругоҳ ва зиёд кардани тавлиди барқ дар Тоҷикистон сарф мешавад.

Мудири минтақаии бонк дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ Евгений Жуков таъкид кардааст, ки барқи тавлидшуда дар «Сарбанд» барои Тоҷикистон ва ҳамсояҳои он фоида меорад.

Қобили зикр аст, ки НБО «Сарбанд» бо иқтидори лоиҳавии 240 МВт 5-умин неругоҳи калон дар Тоҷикистон аст. Иқтидори пешбинишудаи неругоҳи барқи обӣ пас аз анҷоми кор ба 270 МВт мерасад.

Дар назар аст, ки таҷдиди неругоҳи “Сарбанд” соли 2026 ба анҷом расад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *