27 коршиноси байналмилалӣ таҷрибаи КАТС-и Тоҷикистонро баррасӣ карданд
Бо иштироки 27 нафар коршиносони байналмилалӣ аз давлатҳои Аврупо ва Осиё ҷаласаи машваратии маҷозӣ оид ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дурнамои рушди он дар давраи миёнамуҳлат баргузор гардидааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар ҷаласаи машваратӣ дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидаанд. Дар ин чорабинӣ сардори Раёсати ислоҳот, КАТС ва робитаҳои байналмилалии вазорат Илҳом Бандаев иштирок ва суханронӣ намудааст.
Дар чорабинӣ махсус қайд гардидааст, ки кумаки аввалияи тиббию санитарӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, саҳми он дар таъмини солимии аҳолӣ муҳиму назаррас мебошад.
— Бояд зикр намуд, ки яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин такмил ва рушди кумаки аввалияи тиббию санитарии ба тиби оилавӣ асоснокшуда ба шумор меравад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ