Романи Зариф Ғулом — «Карими Шиш» ба нашр расид

Муассисаи нашриявии «Адиб» асари нависандаи тоҷик Зариф Ғуломро бо номи «Карими Шиш» ба нашр расонид.

Романи мазкур дар ҳаҷми 88 саҳифа таълиф шуда, дар бораи саргузашти ғамангези ҳунарманди беҳамто Абдукарим Ёрмаҳмадов қисса мекунад.

Муаллифи асар Зариф Ғулом мегӯяд, ки «романи «Карими Шиш» ҳаҷман хурд бошад ҳам, мазмунан васеъ аст. Он воқеаю ҳодисаҳои се даҳсолаи аввали асри ХХ-ро дар бар мегирад. Ҷуғрофияи асар низ фаррох буда, ҳодисаю воқеаҳои дар мулку вилоятҳои Тоҷикистону Афғонистон рухдода тасвир ёфтаанд. Дар асар қаҳрамонони мусбату манфӣ ва шахсони таърихӣ, аз қабили шоир ва мутафаккир Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, шоири халқӣ Сайдалӣ Вализода, ҳунарманди мардумии тоҷик Акашариф Ҷӯраев ва беки бераҳму золими Балҷувон Раҳимбий иштирок доранд».

— Итминони комил дорам, ки романи тозаэҷод ба хонандаи хушзавқ писанд меояд. Ин асар кӯшиши аввалинест дар тасвири ҳаёт ва фаъолияти овозхони овозадор — Карими Шиш. Омӯзиш ва таҳлили романи «Карими Шиш» бевосита дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва худогоҳии насли наврас саҳми арзанда хоҳад гузошт»,- изҳори умедворӣ мекунад Зариф Ғулом.

Адиби тоҷик Умари Шерхон, ки муҳаррири асар аст, мегӯяд: «Шоёни таҳсин аст, ки забони асар содда, равон ва фаҳмо буда, хонанда мавриди мутолиа хастагиро эҳсос намекунад. Муаллиф кӯшидааст, ки ҷонбозиҳои қаҳрамонашро баҳри нарехтани хуни ноҳак пурошӯб тасвир намуда, бо эҷод ва тағаннии оҳанги «Хайрбод»-аш дастаҳои даргирро аз ҳалокат наҷот бахшад».

— Ҳамунин эҷоди акси хунёгар Карими Шиш аз рӯйи нақли пайвандон ва шогирдон, амали рассоми ҷавони тоҷик Меҳроб Азимов, ки бори нахуст чоп гардидааст, боиси таҳсину ифтихор аст. Итминон комил аст, ки асари тозаэҷоди Зариф Ғулом дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии хонанда нақши созгор мебозад,- зикр мекунад ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *