Пул “сӯхт”-у соҳиби замин нашуд

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 57-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2022, марди 51-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 62 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз ҳудуди заминҳои деҳаи Амиршайхии шаҳри Ваҳдат 0,06 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағашро барнагардонидааст.

Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 26 ва 50-солаи сокинони ноҳияи Б. Ғафуров бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастир карда шудаанд.

Гумонбаршавандагон моҳи феврали соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён даромада, аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки дар муддати 20 шабонарӯз 1 адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер» оварда медиҳанд, аммо то ҳол ваъдаашонро иҷро накардаанд.

Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *