Baku Grand Slam-2023 ба анҷом расиду ба ҷудокорони тоҷик медал нарасид

Дирӯз дар рӯзи охири мусобиқаи “Baku Grand Slam-2023” ҷудокорони тоҷик то ба даври дуюм роҳ ёфта, мағлуб шуданд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар ин рӯз Тоҷикистонро Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг), Эмомризо Анварзода (-100 кг), Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) намояндагӣ кардаанд.

Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо имтиёзи иппон аз Даниел Нийетои испанӣ мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо берун мондааст.

Эмомризо Анварзода (-100 кг) дар даври аввал бар намояндаи Малта — Исаак Беззина ғалаба карда, даври дуюм бо Рафаэл Бузакарини аз Бразилия гӯштин гирифта ва бо 2 имтиёзи вазарӣ мағлуб шуда, аз идома мусобиқа бенасиб мондааст.

Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) дар даври аввал бар ҳарифи пурқувват Мариус Физел аз Словакия зафар ёфта, ба даври дуюм баромадаву бо Имрон Юнусов аз Озарбойҷон нерӯсанҷӣ кардааст. Дар ин сабқат Мирмамадов бо як имтиёзи вазарӣ аз Имрон Юсуфови озарӣ мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа муҳрум шудааст.

Мансур Раҳмон (+100 кг) дар даври аввал бар Филип Ҳориучии амрикоӣ зафар ёфта, дар даври дуюм бо Гурам Тушашвили аз Гурҷистон гӯштин гирифтааст. Дар ин сабқат Мансур Раҳмон ҳам дар қатори дигар ҷудокорон аз Гурам Тушишвилии гурҷӣ дар даври дуюм мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб мондааст.

Ҳамин тавр, ҷудокорони тоҷик мусобиқаи «Baku Gran Slam-2023»-ро бидуни медал ба анҷом расонидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *