30 сол дар фазои иттилоотӣ

30 сол арзане дар хирмани таърих аст. Аммо барои рӯзномаи “Тоҷикистон”, ки дар оташдони ҷанги шаҳрвандӣ ба хотири ойина будан, минбари бадгуҳарӣ нашудан сӯхту пухт, беш аз ин аст.

«Тоҷикистон» сӣ сол минбаре буд, ки аз он ҳар тоифа сухан гуфтанд, аммо натавонистанд онро дар роҳи манфиатҳои шахсӣ, гуруҳӣ, ҳизбӣ ва маҳал истифода намоянд.

«Тоҷикистон» сӣ сол ойинае буд, ки дар он чеҳраҳои поку ноолуда ва хабису кабис худро диданд!

«Тоҷикистон» дар ноҳақиҳо ҳақ, дар «ҳақиҳо» «ноҳақ» буд!

Роҳи тайкардаи «Тоҷикистон» чун роҳи тайкардаи кишвар ноҳамвору пурхатар буд. Таҳдидҳо, танқидҳо, фишорҳо натавонистанд садди нигоҳи воқеъбинонаи он шаванд.

Албатта, бар ивази маҳрумиятҳо, шикастанҳо!

«Тоҷикистон» зина ба зина хонандаи нав пайдо кард ва бо онҳо ифтихор дорам. Дар суҳбате шодравон Шавкат Ниёзӣ, чун донист, ки банда сармуҳаррири «Тоҷикистон» ҳастам, гуфта буд:

— Шарифҷон, «Тоҷикистон» ҳамсоли ман. Ҳама бузургони миллат, аз домулло Айнию Ғафуров сар карда, дар ин рӯзнома мақола чоп кардаанд. Ман ҳам чандин мақолаю очеркҳоямро дар рӯзномаи шумо чоп карда будам.

Шавкат Ниёзӣ аввалин одаме набуданд, ки ин суханонро мегуфтанд. Собиқ вазири мудофиа Шералӣ Хайрулло ҳини як сафар гуфта буд: «Ман газетаи «Тоҷикистон»-ро аз давраи хизмати аскарӣ дар қувваҳои мусаллаҳи СССР то ҳол мехонам».

Албатта, дар ин гуфтаҳо муҳобот буд, аммо воқеият ин аст, ки нашрияи «Тоҷикистон» ба истилоҳи имрӯз бренд аст. Ин бренд танҳо хизмати ходимону муаллифони имрӯзи «Тоҷикистон» нест. Хизмати онҳое низ буд, ки номбардори «Тоҷикистон» буданд ва «Тоҷикистон» номбардори онҳост. Аз ин ҷост, ки:

«Тоҷикистон» бо ходимону муаллифонаш, ки воқеан таҳкурсии ақлонӣ ҳастанд, ифтихор дорад.

«Тоҷикистон» ҳамқадами Тоҷикистон аст.

«Тоҷикистон» рўзномаи ормонҳои миллист.

«Тоҷикистон» мактаби рўзноманигорист ва ифтихор аз кормандону қаламкашонаш дорад, ки ин мактабро бунёд карданд.

Шумо — ҳамкорон,

Шумо — муаллифон,

Шумо — хонандагони ҳафтаномаро ба ифтихори 30-солагии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» табрик мегўям ва тамманое дорам, ки умедворам мавриди пазироиш қарор мегирад:

Хотирот, аксҳо, андешаҳои худро дар бораи ҳафтанома нависед ва тавассути телеграмма рақами +992931110861, почтаи электронӣ: [email protected]  ба мо фиристонед. Мо онҳоро дар ҳафтанома ва дар шакли китоб ба ифтихори 30-солагии «Тоҷикистон» чоп мекунем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *