32 нафар ба ҳайси маъмурони имтиҳонӣ интихоб шуданд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  омодагӣ ба гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олиикасбии ҷумҳурӣ дар соли 2018 семинарҳои омӯзиширо барои тренерони кормандони муваққатӣ доир кард.

Тавре аз  Маркази  матбуоти Маркази мазкур хабар додаанд, чунин семинар-машваратҳо дар шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хуҷанд ва  Кӯлоб баргузор гардиданд.

Ҳайати гурӯҳи корӣ барои ташкил ва баргузории семинар-машварати омӯзишӣ барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасонро омода намуда, пас аз ду рӯзи дарсӣ ба шунавандагон дар асоси дарси гузашта саволномаҳо пешниҳод кард. Аз байни онҳо 32 нафар ба ҳайси маъмурони имтиҳонӣ интихоб ва ба кори муваққатӣ дар марказ ҷалб гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *