50 сомонӣ барои 8-уми март: Талаби омузгор аз хонандагон

Омузгорони мактаби миёнаи рақами 76-и ноҳияи Фирдавсӣ барои гузаронидани иди бонувон накамтар аз 50 сомонӣ талаб намудаанд, менависад Карина Валиева дар саҳифаи фейсбукиаш.

Карина Валиева дар саҳифаи “Ахбор барои афкор” зери унвони “Ба Раиси шахри Душанбе мухтарам Рустами Эмомали, ба Вазири маорифи ЧТ Имомзода М.С.” аз ин амали муаллимаҳои мактаби 76 изҳори нигарони намуда барои пешгири аз ин амал ба раиси шаҳри Душанбе ва вазири маориф муроҷиат мекунад. Тавре худи номбурда менависад:

“Аз шумо эхтиромона хохиш менамоям ки нисбати омузгорони мактаби миёнаи раками 76 вокеъ дар нохияи Фирдавсии шахри Душанбе чорахои зарури меандешидед. Муаллимахои мактаби номбурда аз хонандагон талаб намуданд, ки бахшида ба Рузи Модар -8 март 50 сомони чамъ намоянд ва таъкиди қатъи карданд ки на кам аз 50 сомони бошад. Ҳол он ки бештари хонандагон падару модаронашон дар муҳоҷирати меҳнати қарор доранд ё умуман кор намекунанд. Агар аз як хона 4-5 кудак хонандаи чунин мактаб бошад, барои волидайн чунин маблағ дастрас намудан боиси нигаронист. Ба болои ин дар мактаби 76 соатҳои дарсӣ пурра ба роҳ монда нашудааст. Албатта ҳар як падару модар ба қадри имкон муаллимаҳои фарзандонашонро ба иди модар табрик мекунанд. Аммо маҷбур намудан ки хатман бояд 50 сомони биёред, ба фикрам нодуруст аст”.

Бояд гуфт, ки амали маблағҷамъкуни дар иду маъракаҳо аз тарафи омузгорони макотибҳои миёна солҳост, ки бо иси нигарони мебошад. Аммо ба хотири пешгири аз ин амали омузгорон то ҳол чораҳои зарури андешида намешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *