Дуруғи «Ахбор» ва натиҷаи дурусти интихобот (навор)

Натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 2 марти  соли 2020 пас аз нисфирӯзӣ дар брифинге, ки дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, эълон карда шуд, ки натиҷаи бардуруғи пешаки эълонкардаи сомонаи «Ахбор»-ро беасос гардонид.

Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода интихоботи баргузоршударо “шаффофу демекоратӣ” арзёбӣ карда, натиҷаи интихоботро чунин эълон кард:

Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 16,5%

Ҳизби Демократи Тоҷикистон 5,10%

Ҳизби Ислоҳоти иқтисодӣ 16,61%

Ҳизби Комунистии Тоҷикистон 3,11%

Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон 5, 15 %

Ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон 0,32%

Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон 50, 40%

Мувофиқи қонунҳои ҷории мамлакат ҳизбе, ки аз 5% зиёд овоз мегирад, соҳиби курсии парлумон хоҳад шуд. Дар интихоботи имсола ҳизби комунист ва сотсиал-демократи Тоҷикистон ба Парлумон роҳ наёфтанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соҳиби 12 курсӣ, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон – 4, 

Ҳизби Демократи Тоҷикистон — 1, Ҳизби Ислоҳоти иқтисодӣ -4, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон – 1 курсии Порлумонро соҳиб шуданд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – палатаи поёнии Парлумони кишвар аз 63 вакил иборат аст, ки ба ҷуз аз рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаҳои якмандатӣ низ вакилон интихоб мешаванд. Раиси ҳизби комунисти Тоҷикистон Мероҷ Абдуллоев аз ҳавзаи якмандатӣ соҳиби яке аз курсиҳои Маҷлиси намояндагони кишвар шуд. Ҳамин тавр, ба ҷуз Ҳизби Сотсиал-декорати Тоҷикистон намояндагони азҳоби дигар ба Парлумон роҳ ёфтанд.

Эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ

Gepostet von The Dushanbe Times am Montag, 2. März 2020

Яҳё Маҳмаднабиев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *