500 000 сомонӣ гранти раиси вилояти Хатлон ба 30 соҳибкорзан
Дар форуми “Хатлон инвест” ба 30 соҳибкорзан ним миллион сомонӣ гранти раиси вилояти Хатлон дода шуд.
Ин тадбири муҳим ба хотири татбиқи лоиҳаҳо барои ташкил кардани корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ, рушди бахши кишоварзӣ пешбинӣ гардидаанд.
Ҳамчунин, дар фаруми мавриди назар 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки маблағи он 500 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон аз 17 то 18 октябри соли ҷорӣ форуми «Хатлон инвест» ва намоишгоҳи «Бохтар фуд-2024» идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ