…Ман шабона вориди яке аз сомонаҳои порнографӣ шуда, навореро тамошо мекардам, ки дар рӯи телефонам аз номи ВКД паёме пайдо шуд: «барои тамошои наворҳои порнографӣ 250 сомонӣ пардохт кунед.» Аз байн чанд рӯз гузашту боз вориди сомона шудам, боз мактуб омад: «500 сомонӣ супоред.» Оё ин қонунӣ аст? Магар ин нақзи ҳуқуқи инсон нест?…

Аз мактуби хонанда

Дар Аврупову Амрико махсус маҷаллаҳое нашр мешаванд, ки сирф порнографӣ буда, ба хотири бароварда кардани нафси шаҳвонии аудиторияшон хизмат мекунанд. Дар баробари маҷаллаҳо, инчунин, шабакаҳои телевизионии порнографӣ   дар ин кишварҳо фаъолият мекунанд, ки аудиторияшон нафарони аз 18-сола боло мебошад. Мақсади вуҷуди чунин шабакаҳо агар аз як тараф, омӯзонидани усули ҳамхобагӣ бошад, аз тарафи дигар, пешгирии бемориҳое чун ВИЧ/СПИД мебошад.

Дар кишварҳои Шарқӣ, ки аксар сокинонашонро диндорон, аз ҷумла мусалмонон ташкил медиҳанд, тамошо ва намоиш додани маводҳои хусусияти порнографидошта мамнуъ буда, вобаста ба менталитет низ тамошои чунин маводҳо назди ҷамъият иҷозат дода намешавад.

Бояд гуфт, ки дар муҳити Тоҷикистон тарғиб ва паҳн кардани маводҳои дорои хусусияти порнографӣ мамнӯъ буда, аммо тамошояшро ҳеҷ як қонунгузорӣ расман манъ накардааст. Чанде пеш як хонандаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бар он арз намуд, ки ҳангоми тамошои навори порнографӣ аз Шабакаи интернет нохост дар рӯи экрани телефонаш огоҳинома аз Вазорати корҳои дохилӣ пайдо гардид, ки тибқи огоҳинома бояд барои тамошои маводҳои порнографӣ ба давлат дар ҳаҷми 250 сомонӣ маблағ пардохт намояд. Ба гуфтаи хонандаи ҳафтанома, баъд аз дидани огоҳиномаи мазкур тарсида, дигар ба сайтҳои порнографӣ ворид нагардидааст. Аммо баъд аз як ҳафта ҳангоми машғул буданаш бо шабакаҳои иҷтимоӣ ногоҳ ҳамон огоҳинома бо мазмуни каме дигар боз дар рӯи экрани телефонаш пайдо мегардад, ки истифодабаранда нусхаи он огоҳиномаро ба идораи газетаи “Тоҷикистон” равон кард, ки ин аст:

“Огоҳинома аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон!

Шуморо барои чандинкарата ворид шудан ба сомонаҳои порнографӣ манъ карданд, сомонаҳои дорои маводҳое, ки қонунгузорӣ манъ кардааст ТОҶИКИСТОН, яъне порнография бо унсурҳои педофилия, зӯроварӣ ва тағиби ҳамҷинсгароӣ. Барои бардоштани манъкунӣ шумо бояд ба андозаи 500 сомонӣ ба давлат пардохт карда шавад, рақами ҳамён Z912604038201. Шумо ҷаримаро тавассути дилхоҳ замимаи “Атласпай” пардохт карда метавонед. Минбаъд пардохтҳо тавассути пулҳои электронӣ “Webmoney WMZ”. Инчунин, дар ҳама гуна терминалҳои пулгузаронии мобилӣ маблағро гузаронида метавонед.

Барои ин дар терминал интихоб кунед:

-Асъори электронӣ- “Webmoney WMZ” рақами Z912604038201 ҳуруфчинӣ намуда, маблағро ба андозаи 500 сомонї гузаронида, пардохтро пахш кунед.

Пас аз пардохти ҷарима манъкунӣ ба таври худкор бардошта мешавад.

Дар сурати эътибор надодан ба талабот оид ба сари вақт пардохт накардани  ҷарима ба ҳамаи тамосҳои дастгоҳи шумо бо тавсифи ин ҳодиса ва дархост оид ба расонидани маълумот дар бораи ҷарима ба шумо паёмак ирсол карда мешавад. Инчунин, тамоми маводи парванда ба прокуратура барои оғози парвандаи ҷиноӣ оид ба содир кардани амали бо моддаи 374 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешавад”.

Ист мекунем. Каме дам мегирем. Фикр мекунем.

Мо бо саволи “Оё мақомот ҳақ дорад, ки дастрасии сокинони аз 18-сола болоро ба сомонахои порнографӣ манъ кунад?” ба ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов муроҷиат кардем ва чунин ҷавоб гирифтем:

-Ҳақ надоранд, агар бо истифода аз чунин ҳуқуқ суиистифода нашаваду онро ҳамчун мағзшӯӣ ё тарзи дурусту алтернативӣ ба арзишњои зиндагии ҷомеаи анъанавӣ  ба дигарон, бахусус ноболиғон тавсия надиҳад ё дигар корҳои таблиғотию ташвиқотиро анҷом надиҳад.

Дар мавриди дидан ё надидани матолиби порнографӣ сексолог Парвиз Абдуназаров чунин андеша дорад:

-Аз назари сексология меъёри тамошо кардани маводҳои порнографӣ барои ҷавонони аз 18 то 25-сола ҳафтае як маротиба аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонон дар ин синну сол зиёдтар дар ҷӯшу хӯрӯш ҳастанд ва гормонҳояшон нисбатан фаъоланд. Лекин, агар пай дар пай ва ҳамарӯза истифода кунанд ин бар зарар аст. Яъне, ҳам ғадудҳои ҷинсӣ ва ҳам системаи асаб зарар мебинанд. Мақсади мо тарғиби порнография нест, балки дар чунин синну сол агар бачаҳо ба чунин маводҳо таваҷҷуҳ надошта бошанд, пас дар онҳо аз гормонҳои бачагӣ дида, гормонҳои духтарӣ зиёдтар инкишоф ёфтаанд.

Баҳруллои Абдулло, ҷавони 22-сола тоҷик мегӯяд, ки пешгирӣ хуб аст. “Аз ҷониби мақомоти дахлдор барои пешгирии зӯровариву педофилӣ дар миёни ҷавонон ин иқдоми хуб аст.

ВКД чӣ мегӯяд?

Дар бобати огоҳиномаи мазкур сухангӯи ВКД Нусратулло Маҳмадзода дар суҳбат бо “Тоҷикистон” гуфт, ки Вазорати корҳои дохилӣ аз ин огоҳинома ё худ паём бехабар аст. Ӯ афзуд: “Сомонаҳое, ки дар Тоҷикистон истифодабарияшон мамнӯъ аст, бо онҳо ва аудиторияи тоҷикияшон дигар ниҳодҳо сарукор мегиранд”. Ҳамчунин, иттилоъ дод, ки дар ин маврид то ҳол ба ВКД ягон шикояти мардум наомдааст.

ВКД не, хакер!

Аз гуфтаи боло маълум мегардад, ки огоҳиномаи таҳдидомуз ба ҷавонони мо, ки аз номи ВКД меояд, кори дасти хаккерҳо аст. Зеро, агар ниҳоди дигари расмие дар ин кор даст дошта бошад, ҳатман, ки паёмро аз номи худ мефиристад. Пас бояд мақомоти дахлдор фиристандаи ин паёмро пайдо кунад. Кӣ медонад, шояд онҳо аз содагии ҷавонон истифода карда, даҳҳо ҳазор сомонӣ кор карданд.

Порнография  яъне чӣ?

Порнография яъне мавод, садо, акс ва видеои фаҳш.  Ва ин ҳама дар интернет бисёр аст.  Ба он нафароне,  ки чунин маводҳоро дар интернет ҷой медиҳанд, маоши миёншикан медиҳанд,  аммо барои як беиродае,  ки бо пули қарз ё дуздидашудааш дар 30,45,56,99 сомонӣ бастаҳои гуногуни интернетӣ мехарад, ин маводҳо чӣ медиҳанд?  Як камаз гуноҳ!  як рӯи хук!! Ва як даҳони бешарму ҳаё!!!  Бовар кунед, дигар чизе намедиҳанд. 

Яҳё МАҲМАДНАБИЕВ,

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

9 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *