57 корфарморо дар Хатлон ҷарима бастанд
Дар шаш моҳи соли равон дар вилояти Хатлон ҳафт ҳодисаи нохуш дар раванди истеҳсолот ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расидааст.
Ҳамза Бобозода, сардори Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки дар ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот шаш нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ӯ мегӯяд, мутаассифона, дар ҳодисаҳои мавриди назар як нафар фавтид.
«Дар натиҷаи санҷиш ва хулосаи мутахассисони мо 36 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ва кумаки яквақта муайян карда шуд. Ин кумакпулиро корфармо ба пайвандону наздикони нафари фавтида медиҳад»,-мегӯяд номбурда.
Ҳамза Бобозода афзуд, ки барои ислоҳи камбудӣ ба 193 корфармо амрнома дода шудааст. Ҳамчунин барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 57 корфармо беш аз 82 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ