69 муҳоҷирро заҳролуд карду се сол гирифт
Суди вилояти Самараи Русия ҳукми мудири пешини анбори ғаллаи «Кошелевский посад» Валентина Якунинаро содир кард. Ӯ дар заҳролудшавии даҳҳо муҳоҷири узбек дар пайи беэҳтиётӣ муттаҳам мешуд. Суд занро дар заҳролудшавии муҳоҷирон ва марги се каси онҳо айбдор дониста, 3 сол аз озодӣ маҳрум кард. Зан гуноҳро ба гардан гирифтааст. Ба иттилои хабаргузории «Интерфакс», даъвои талаби ҷуброни ҷабрдидаҳо бо хоҳиши онҳо дар маҳалли зисташон баррасӣ мешавад. Тобистони соли 2019 беш аз 60 муҳоҷири узбек баъди истеъмоли ғизо дар як ошхонаи вилояти Самара заҳролуд шуда, се нафари онҳо ҷон бохт. Ҷамъан он рӯз 69 кас барои ёрии тиббӣ ба бемористон муроҷиат карда буд. Сардухтури заҳршиносии Узбекистон барои кӯмак ба муҳоҷирон ба Самара рафт ва чаҳор заҳролудшуда, ки вазъашон вазнин буд, тавассути ҳавопаймои махсус ба Маскав интиқол ёфтанд. Муҳоҷирон аз равғане заҳролуд шуданд, ки дар анбори зери назорати Валентина Якунина будааст
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ