Чаро момаи Басиморо ба рекорди Гиннес намебарорем?

Чандест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори суҳбати момаи Басимои 121-сола мечархад. Ин зани нуронӣ 6-уми майи соли 1904 дар деҳаи Чашмаи Бедаки ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда, шиноснома ҳам дорад. Навори момаи Басимо маро ба андеша водор кард, ки чаро мо эшонро ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ҳамчун нафари дарозумр ворид намекунем?

Зиндагии момаи Басимо Тӯраева муъҷизаро мемонад. Эшон дар 121-солагии умри хеш ақли солиму саломатии нағз дорад. Воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро ба хубӣ ба ёд дорад. Мегӯяд, замони ҷанг ду фарзандашро аз даст додааст. Душвориҳои рӯзгорро пушти сар кардааст. Шавҳараш соли 1985 аз олам мегузарад. Ин модар соҳиби 7 фарзанду 210 набераву абераву чабера аст. Аз ҳама муҳим, ӯ зиндагии хешро ба ёд дорад ва роҳат метавонад рӯзгорашро нақл кунад.

Пас аз тамошои қиссаи Басимо Тураева банда дар шабакаҳои интернет ҷустуҷӯ кардам, ки феълан дарозумртарин инсонҳои рӯйи дунё киҳо ҳастанд.

Дар панҷгонаи аввал инҳо ҳастанд:

1. Ина Канабарро Лукас, шаҳрванди Бразилия, таваллуд 8-уми июни соли 1908, 116-сола;

2. Этел Кейтерем, сокини Британияи Кабир, таваллуд 21-уми августи соли 1909, 115-сола;

3. Окаги Хаяси, шаҳрванди Ҷопон, таваллуд 2-юми сентябри соли 1909, 115-сола;

4. Мари-Роз Тессе, шаҳрванди Фаронса, таваллуд 21-уми майи соли 1910, 114-сола;

5. Минэ Кондо, сокини Ҷопон, таваллуд 1-уми сентябри соли 1910, 114-сола.

Шаҳрванди Тоҷикистон Басимо Тӯраева бошад, дар ин рӯйхатҳо номаш нест, ҳол он ки ин модари тоҷик аз калонсолтарин шахси сайёра 5 сол бузургтар аст.

Банда боз ҷустуҷӯ кардам, ки дар рӯйхати “Рекордҳои Гиннес” киҳо ҳамчун умрдарозтаринҳо сабт шудаанд.

Ин панҷгона баромад:

1. Жанна Калман, сокини Фаронса, таваллуд 21-уми феврали соли 1875 – вафот 4-уми августи соли 1997, 122 солу 164 рӯз;

2. Канэ Танака, сокини Ҷопон, таваллуд 2-юми январи соли 1903 – вафот 19-уми апрели соли 2022, 119 солу 107 рӯз;

3. Сара Носс, сокини Амрико, таваллуд 24-уми сентябри соли 1880 – вафот 30-юми декабри соли 1999, 119 солу 97 рӯз;

4. Люсил Рандон, сокини Фаронса, таваллуд 11-уми феврали соли 1904 – вафот 17-уми январи соли 2023, 118 солу 340 рӯз;

5. Наби Тадзима, шаҳрванди Ҷопон, таваллуд 4-уми августи соли 1900 – вафот 21-уми апрели соли 2018, 117 солу 260 рӯз.

Агар умр вафо кунад, момаи Басимои мо як сол баъд реккорди ҷаҳониро низ синнаш убур мекунад. Вале номи ӯ дар ҳеҷ як рӯйхат нест. Масъулини моро мебояд, ки барои сабт шудани исми момаи Басимо дар китоби “Рекордҳои Гиннес” ҳамчун дарозумртарин нафаре, ки айни замон дар қайди ҳаёт аст, талош намоянд. Дар бораи рӯзгори ин зан дар расонаҳои хориҷӣ матлабҳо нашр карда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба ин шахсият равона созанд. Ман бовар дорам, ки агар чунин талош сурат гирад, момаи Басимо шомили китоби “Рекордҳои Гиннес” хоҳад шуд.

Д. ҚОДИРПУР,

сокини вилояти Хатлон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *