Хуҷанд – Қошғар. Парвозҳо дубора барқарор мешаванд
Ширкати ҳавопаймоии “Chengdu Airlines”-и Чин сар аз 15-уми апрели соли ҷорӣ байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қошғар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад. Дар ин хусус хабаргузории “Ховар” бо истинод ба Оҷонсии ҳавонавардии кишвар хабар додааст.
Манбаъ навиштааст, ки парвозҳо дар хатсайри Қошғар-Хуҷанд-Қошғар дар як ҳафта як маротиба – рӯзҳои сешанбе анҷом меёбанд. Давомнокии парвоз аз Қошғар ба Хуҷанд 2 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад.
Хатсайри ҳавоӣ дар масири Қошғар – Хуҷанд – Қошғар соли 2024 боз шуда буд. Қарор буд, ки парвоз дар ин масир ҳафтае як маротиба анҷом шавад. Вале баъдан парвоз боздошта шуд. Сабабаш маълум нест.
Қаблан Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон ва Тсзи Шумин, сафири Чин дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми март дар як мулоқот масъалаи боз кардани хатсайри мустақими ҳавоӣ байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе ва Пекинро баррасӣ карданд.
Бояд гуфт, ки хатсайри ҳавоӣ байни Душанбе ва Пекин соли 2016 роҳандозӣ гардида буд. Ҳамаи парвозҳо бо ин хатсайр бояд ҳафтае як бор рӯзҳои душанбе дар ҳавопаймоҳои Boeing 757 иҷро мешуданд. Вақти парвоз 5 соату 30 дақиқаро ташкил медод.
Аммо баъди се моҳ бо сабаби кам будани талаботи мусофирон ин хатсайрро боздоштанд ва соли 2017 дубора барқарор гардид, лекин баъди чанде боз боздошта шуд. Сабаби боздоштани дубора маълум нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ