7 қоидаи муҳими ҳаёти солим
1. Пайваста бо варзиши дилхоҳатон (футбол, гимнастика, давидан ва ғайра) машғул шудан, ҷисман фаъол будан. Агар ҳар рӯз имкон набошад, рӯздармиён 30-60 дақиқа бо варзиш машғул шавед, барои саломатӣ кофист.
2. Ба таркиби ғизоҳоятон маҳсулоти табиӣ — мева ва сабзавот, хӯрданиҳои ғанӣ аз витамин ва минералҳоро бештар ворид кунед. 65 дарсади ғизоҳоятонро меваву сабзавот бояд ташкил кунад. Ҳар рӯз 2 литр об нӯшед. Баъд аз соати 19:00 танҳо мева тановул кунед.
3. Бо тарки сигор, нӯшокиҳои спиртӣ ва дигар одатҳои зарарнок ба тарзи ҳаёти солим роҳ кушоед.
4. Дар навбати аввал кӯшиш кунед, ки дар як шабонарӯз 8 соат хоб равед. Дар вақти муайян хоб карда, дар вақти муайян аз хоб хезед. Вайрон шудани тартиби хоб ба руҳияи инсон таъсир расонида, дар ӯ хастагӣ ва баъдтар бемориҳои давомдори гуногунро ба миён меорад.
5. Аз ҳаёт бештар завқ гиред, доимо барои пеш рафтан неру дошта бошед, ба нокомиву нобарориҳо аҳамияти зиёд надиҳед.
6. Хона ва ҷои коратонро ҳамеша тоза нигоҳ дошта, ҳавои онҳоро тез-тез иваз намоед. Дар табиат бештар сайр кунед.
7. Ба тозагӣ риоя намудан аз шартҳои асосии тарзи ҳаёти солим аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ