7 дастоварди бузурги Пешвои миллат
I
БАРГАРДОНИДАНИ ГУРЕЗАГОН ВА ИСТИҚРОРИ СУЛҲ
Ин ташаббус сарчашмаи истиқрори сулҳ, Ваҳдати миллӣ, нахустсанги сарнавиштсоз дар бунёди таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд. Тоҷикистон метавонист бозичаи даст, воситаи роҳандозии нооромиҳо дар Осиёи Марказӣ, минтақа гардад, дар радифи давлатҳое қарор гирад, ки даҳсолаҳо дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯзанд. Баргардонидани гурезагон, сулҳ, Ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон, суботро дар Осиёи Миёна таъмин намуд. Эмомалӣ Раҳмон зери шиори «То охирин тоҷикро ба Ватан барнагардонам, ором нахоҳам буд!» 5 маротиба ҷон дар кафи даст сафари Афғонистон ихтиёр ва бо сарварони мухолифин, руъасои Афғонистон, намояндагони кишварҳои миёнарав ва созмонҳои байналхалқӣ мулоқот намуд. Ӯ ба сухани худ содиқ монд ва охирин тоҷикро ба Ватан баргардонд, дар кӯтоҳтарин муддат оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон хомӯш кард. Институтҳои байналмилалӣ таҷрибаи Тоҷикистонро дар хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ дар арсаи ҷаҳон дастоварди бузургу беназир меҳисобанд ва барои татбиқ тавсия медиҳанд. Баргардонидани гурезандагон шамшери заҳрогини онҳоеро, ки мақсадашон пора ва тақсим кардани Тоҷикистон буд, шикаст, баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ ба бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон заминаи устувор гузошт.
II
БУНЁДИ НАҚБИ «ИСТИҚЛОЛ» ВА ТАБДИЛИ «ДЕВДАРА» БА «ГУЛДАРА»
Ин ду иншоот армони деринтизори сокинони вилоятҳои Суғду Бадахшон ва тамоми мардуми Тоҷикистон буданд, ки ҳатто давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ натавонист онҳоро бунёд кунад. Аммо Эмомалӣ Раҳмон бо нохун раҳ аз хоро бурид. Ба истифода додани ин ду шоҳкории аср Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонид ва асос ба бунёди шоҳроҳҳои қирпӯши Кӯлоб — Хоруғ — Кулма – Қароқурум, Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, Душанбе – Чаноқ, Ваҳдат – Ҷиргатол – Саритош, Айнӣ-Панҷакент гузошт, ки рамзи таъмини соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва рушди он мебошанд.
Дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор додан ба мақсади ҳадафмандона буғӣ кардани соҳибистиқлолии Тоҷикистон буд. 23 марти соли 2006 нақби «Истиқлол» Шимол ва Ҷануби Тоҷикистон, таърихи 29 январи соли 1999 боз гаштани шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ аз тариқи «Гулдара» Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тамоми сол бо пойтахти Тоҷикистон пайваст.
Нақбу роҳҳои ҷавобгӯи талаботи замон, мисли рагҳои хунгард дар бадани аз фишорҳо хастагаштаи Тоҷикистон, ба кор даромаданд ва дар таъмини истиқлолияти иқтисодӣ, амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон нақши муассир мегузоранд.
III
БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ АБУҲАНИФА
Бузургдошти Имоми Аъзам Абӯҳанифа (ҷашни байналмилалии 1200- солагӣ, шаҳри Душанбе, соли 2009) дар роҳи шинохти ҳуввияти мазҳабӣ, дарки андешаи фиқҳи исломӣ, қонеъ сохтани ниёзи динии мардуми мусулмони Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ, парҳези маънавӣ аз андеша ва равияҳои тундрави динӣ, ифротгаройӣ дастоварди бузург аст. Рӯй овардан ба мактаби калом ва фиқҳи Имоми Аъзам Абӯҳанифа, ки беш аз 70 фоизи мусулмонони ҷаҳон пайравони онанд, аҳли исломро дар Тоҷикистон аз таъсири таблиғи равия ва мазҳабҳои ғайр наҷот дод. Шинохти Имоми Аъзам Абӯҳанифа шинохти ҳувияти мазҳабӣ ва пешгирии хатари ифротгаройӣ, салафигароӣ, бунёди хилофат дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ буд. Бузургдошти Имоми Аъзам Абӯҳанифа, ки тоҷик аст, ба ҷаҳони ислом собит сохт, ки тоҷикон дар бунёд ва рушди дини ислом нақши созанда доранд. Ӯ расму русуми мардумиро асоси ҳуқуқи исломӣ донист ва дар ин замина хондани дуоро ба забони тоҷикӣ асос гузошт. Чопи «Қуръон» бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба забони тоҷикӣ давоми мантиқии ин амал буд.
IV
ПОС ДОШТАНИ НОМИ ФАРЗАНДОНИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ
Ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор донистани Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур арзи қаҳрамонӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ, эҷодкорӣ, дар талоши пойдории миллат, таъриху фарҳанги он аз худ гузаштану ба ҳадаф расидани фарзандони фарзонаи миллат, ҳидоят ба фидокорӣ дар роҳи таъмини озодӣ ва истиқлолу пойдории давлати тоҷикон аст.
Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.
V
СЕ БАРНОМАИ ҶАҲОНГИР
Пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Соли 2003 – соли оби тоза» (1999), «Солҳои 2005-2015- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» (2003), «Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»(2009), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 (2016) аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид ва аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид пазируфтан ва мавриди тадбиқ қарор додани онҳо ҳокӣ аз фаррохии домони назар, андешаронӣ дар доираи мафкураи ҷаҳонгир, ба дарди инсоният чун ба дарди худ фурӯ рафтани Эмомалӣ Раҳмон аст. Қабул ва бар хизмати инсоният сафарбар кардани ин пешниҳодот дастоварди бузурги фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, бозгӯи дар доираи манфиатҳои миллати худ маҳдуд нагаштан, ангушт дар набзи масоили мубрами ҷаҳонӣ доштан, наҷоти худро дар наҷоти инсоният ҷустани ӯст. Ин дастовардест, ки эътибори тоҷиконро дар курсии осмон нишонд.
VI
БУНЁДИ НБО «РОҒУН»
Бунёди НБО «Роғун» дастовардест, ки аз доираи манфиатҳои як миллат, як давлат берун меравад. Он баёнгари қудрати мағз ва бозувони инсон аст, ки аспи саркаши ҳӯйро лаҷом зад ва саворӣ сохт. НБО «Роғун» тарҳи нотакрор дар ҷаҳон аст. Замон ва шароити бунёди он ҳам нотакрор аст. Ҷаҳоне мухолиф, ҷаҳоне тамошо дошт, ки ин абармард чӣ гуна тани танҳо кореро анҷом медиҳад, ки аз тавони инсон берун аст. Ӯ донист, ки шикасти НБО «Роғун» шикасти як рукни Истиқлолияти давлати тоҷикон аст.
Ба фишори ғараздорони хориҷу кӯтоҳназарони меҳанситез тоб овард, бо дандон рахна бар фӯлод андохт, иншооте, ки бунёдаш қаҳрамонист, роҳандозӣ намуд. НБО «Роғун» дастоварди бузурги аср аст.
VII
САНОАТИСОЗИИ ТОҶИКИСТОН
Аз давлати аграрӣ ба давлати саноатӣ табдил додани Тоҷикистон аз ду ҷиҳат такони бузургеро ба бор меоварад: ҷаҳиш дар иқтисодиёт ва таҳаввулот дар тафаккури мардум. Бо 7 фоиз замини ҳамвор нумӯи иқтисодиётро таъмин кардан душвор ва ҳатто ғайриимкон аст. Кишоварзӣ боқӣ мондан маънии истеъмолкунанда, дар дотатсия қарор доштанро дорад. Тоҷикистонро давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун манбаи ашёи хом истифода мебурд. Аммо ҳоло манбаи ашёи хом будан бар манфиат нест. 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Кӯҳҳо конҳои бузург, манбаъ барои рушди саноатанд. Захираҳои табиӣ заминаи бузург барои саноатигардонии Тоҷикистон мебошанд. Тавассути саноатигардонӣ барои зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон истифода намудани захираҳои табиӣ дастоварди бузург маҳсуб меёбад.
Шариф ҲАМДАМПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ