750 ҳазор нафар истифодабарандагони корти пардохтӣ дар Бохтар

Давоми шаш моҳи соли равон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон шумораи истифодабарандагони корти пардохтӣ наздики 750 ҳазор нафарро ташкил кардааст. Ҳамчунин, дар ҳамин давра 295 банкомат ва беш аз 490 терминалҳои электронӣ насб шудаанд.

Фирдавс Самадзода, мудири Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки барои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар тарабхона, мағоза, нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ ва марказҳои хизматрасонӣ наздики 340 постерминали пардохтӣ ва беш аз 3 ҳазору 140 QR-рамз насб карда шудааст. Ӯ мегӯяд, аллакай тавассути постерминал ва QR-рамз дар шаш моҳи соли ҷорӣ 41 ҳазору 800 пардохт анҷом дода шудааст, ки беш аз 10 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

“Дар шаш моҳ бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ ва барномаи мабилии КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар маҷмуъ беш аз 42 миллион сомонӣ тавассути қариб 55 ҳазор амалиёт пардохти ҳатмии ғайринақдӣ анҷом дода шудааст”,- гуфт ӯ.

Фирдавс Самадзода афзуд, ки ҳоло барои ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ рафта истодааст. Ӯ таъкид кард, ки дар замони муосир истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо ҳам барои иқтисодиёт ва ҳам барои аҳолӣ афзалияти зиёд дорад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *