Боздошти ронандае, ки аз ҷойи ҳодиса фирор кард

Мақомоти милитсияи пойтахт аз боздошти ронандае хабар дод, ки баъди бо мошин пахш кардани шаҳрванд фирор кардааст.

Гуфта мешавад, ки 23-юми июл, тақрибан соати 5:10 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Соҳилӣ, аз самти кӯчаи А. Деҳотӣ ба самти кӯчаи С. Шерозӣ як нафар зани 54-сола, корманди корхонаи коммуналии ноҳияи Фирдавсиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Вобаста ба ин, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, муайян карда шудааст, ки садамаи мазкурро ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақамҳои қайди давлатиаш 1967RT01, шаҳрванд Раҷабов Умарҷон Тоҷиддинович, санаи таваллудаш 30.07.2001, сокини шаҳри Душанбе содир намудааст.

Номбурда баъд аз садамаи нақлиётӣ бо мақсади озод шудан аз ҷавобгарӣ воситаи нақлиёти худро ба кӯчаи Қаҳҳоров бурда пинҳон кардааст.

Ҳоло ронанда Раҷабов Умарҷон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *