Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди ҳисорӣ баррасӣ мешаванд

28-уми июл дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав» Конфронси дуюми байналмилалии илмию амалӣ баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, конфронси байналмилалӣ бо иштироки олимону мутахассисони ватанию хориҷии соҳа, хоҷагиҳои зотпарварии бахши давлативу хусусӣ ва гӯсфандпарварон баргузор мешавад.

Конфронс 29-уми июл дар мавзеи Хоҷа Сангхоки ҷамоати деҳоти Зиддеҳи ноҳияи Варзоб идома меёбад.

— Дар ҷараёни намоиши гӯсфанди зоти ҳисорӣ беҳтарин зотпарварон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *