759 қоидавайронкунӣ дар Бадахшон
Дар вилояти Бадахшон кормандони БДА 759 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ошкор намуданд.
Инчунин, 114 адад воситаҳои нақлиёт аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузаронида шуданд. Тавре аз Раёсати БДА-и вилояти Бадахшон хабар доданд, ин ҳолатҳо аз 19 июн то 4 июли соли равон дар вақти гузаронидани санҷиш маълум карда шудааст.
Ғайр аз ин нисбат ба 190 нафар ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекарданд, чораҳои ҷазои маъмурӣ ва санадҳои маъмурӣ оид ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ татбиқ карда шуданд. Аз ин нафарон ба маблағи 10 ҳазору 950 сомонӣ ҷарима ситонида шуда, воситаҳои нақлиёташон дар ҷаримагоҳ нигоҳ дошта шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ