“ОК”-и Ҳукумат ё раиси хубу парлумони бад?

Шукурҷон Зуҳуров ошкоро гуфт, ки  баъзе қонунҳо аз кишварҳои дигар рӯйбардор шудаанд ва ин дарди куҳнаи парлумони мост. Зуд -зуд тағйирот ворид намудан ба қонунҳои ҷорӣ низ як камбудие буд, ки аз назарҳо пинҳон намонд.

 “Боз як рӯзи ғаму шодӣ гузашт…”  чунин буд аввалин андешае, ки пас аз хондани хабари ба истироҳати семоҳа рафтани намояндагони халқ ба сарам омад. Устод Лоиқ вақти гуфтани ин мисраъҳо шояд як рӯзи умри пасисаркардаи худро дар тарозуи ақл  баркашида,  қабл аз хоб дар ин рӯз ба мардум  чӣ манфиат овардани худашро ҳисобу китоб карда бошад.  Ҳоло чунин ҳисобу китобро дар маърази омма парлумони касбии мо ба анҷом расонд ва бубинем, ки онҳо чӣ коре барои мардум ҳамчун намояндаи мардум карданд?

 Аз баромади пешазтаътилии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров чунин бармеояд, ки ӯ аз кори ин намояндагон чандон розӣ нест ва ҳамчун як интихобкунандаи одӣ ба ин андешаи ӯ розӣ ҳастем. Аввалин интиқоди Зуҳуров он буд, ки  баъзе қонунҳо аз кишварҳои дигар рӯйбардор шудаанд ва ин дарди куҳнаи парлумони мост. Зуд -зуд тағйирот ворид намудан ба қонунҳои ҷорӣ низ як камбудие буд, ки аз назарҳо пинҳон намонд. Қонунҳое, ки кам ба дарди мардум мехӯранд. “Дар ҳар ду-се моҳ ба як қонун тағйирот ворид мекунанд. Магар имкон надорад, ки қонуни мукаммалеро тасвиб кунем ва мардумро гумроҳ насозем? Мушкили дигар дар он аст, ки бо истифода аз ҳамкориҳои байнипарлумонӣ вакилони мо қонунҳои кишварҳои дигарро, ки моделӣ унвон шудаанд, нусхабардорӣ карда, ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд. Танҳо дар як соли охир Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба ин сабаб тарҳи 16 қонуни пешниҳодшударо пас гардонд” мегӯяд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Аз парлумони мо баъзе таҳлилгарон  ҳамчун “парлумони ноозод” ё “парлумони хомӯш”  ёд мекунанд ва оё ин асос дорад? Ба андешаи мо, агар чуқур андеша кунем, касе даҳони депутатҳоро набастааст ва онҳо ҳақ доранд андешаашонро баён кунанд. Масалан, чаро депутат С. Исмонов   ҳатто СС-чиёни Гитлерро намуна оварду мавзӯи  истеъфои раиси Бонки миллиро ба миён гузошт, вале то имрӯз  фаъолият дораду касе ӯро аз депутатӣ барканор накардааст? Шояд ин ҷо гап дар сари ҷуръати шахсӣ ва ё ворид будан ба масъалаи муҳокимашаванда бошад? Дар мавсими гузашта  танҳо ӯ ва Раиси Маҷлиси намояндагон ба баъзе масъалаҳои муҳокимашаванда  бо назари интиқодӣ ва бо пешниҳодҳои зарурӣ дахолат карданд, ки хотирмон буд. Дар маҷмӯъ, кори парлумон асосан аз тасдиқи он,чи ки Ҳукумат пешниҳод менамуд, иборат буду халос. Масалан, дар масъалаи таъини нави нафақа ва муайян кардани шарту шароити он парлумон ба андешаи як интихобкунанда ба хатои маҳз роҳ дод ва “оббиёру кӯзашиканро “ баробар кард. Ҳарчанд Шукурҷон Зуҳуров бозбинӣ шудани чунин тарзи нафақапардозиро ваъда кард, аммо мутаассифона, депутатҳо ба ин масъала барнагаштанд ва то ҳол нафақагироне, ки баъд аз моҳи январи соли 2017 ба нафақаи меҳнатӣ баромаданд, аз ин беадолатӣ ранҷ мекашанд. Зеро Қонуни нави нафақа, ки талаботҳои зиёдеро пешниҳод мекунад  ва ба қавли муаллифонаш   “одилона” аст, ба ин мафҳум наздикӣ надорад, ки сари ин масъала дар яке аз шумораҳои наздиктарин мақолаи мутахассисонро хоҳед хонд. Аммо дар масъалаи “рӯйбардори қонунҳо” ҳақ ба ҷониби Зуҳуров аст ва Қонуни нафақа низ яке аз чунинҳост. Чун мо ба рӯйбардории қонунҳо одат кардаем,    ҳоло дар кишваре, ки онро  “шарики стратегӣ” мехонем, баҳси нав сари таъини нафақа рафта истодааст ва Русия мехоҳад синну соли нафақаро боз ҳам баландтар бардорад. Ин бошад, сабаби вокунишҳои сахт дар ҷомеа  қарор гирифт ва ҳатто дар чанд шаҳри ин кишвар боиси баргузории гирдиҳамоиҳо шуд. Ҳоло сари ин масъала тасмими  ниҳоӣ гирифта нашудааст ва агар шавад, пас аз як муддат  “рӯбардор”-и он ба Тоҷикистон ҳам меояд. Агар чунин шуд, барои мо беҳтар аст, зеро аз нафақаи “хӯру намур” дида, то мурдан кор кунӣ, беҳтар аст ва касе ҳам туро, барои он ки  нафақахӯр шудӣ, аз кор пеш карда наметавонад…

Ҳарчанд парлумони мо бисёрҳизбист, аммо ба қавли як коршинос дар он “мусиқиро танҳо як ҳизб фармоиш медиҳад”. Ба қавли ин коршинос: “Аввал ин, ки аксари курсиҳои парлумон дар ихтиёри аъзо ва тарафдорони ҳизби ҳоким аст. Бештари мақомдорон низ аз ҳамин ҳизбанд. Агар ҳукумат ба тарҳи қонунҳо ва созишномаҳо “ок” гуфт, касе зид намебарояд ва баҳс ҳам намекунад”. Аммо ин ҷо боз як чизро ёдрас карданӣ ҳастем, ки ин ҳизб низ аз мардум аст ва ғами мардумро бояд хӯрад. Пас, ҳамаи имкониятҳо ҳаст, ки парлумони мо дар мавсими нав бевосита ба осон намудани мушкилоти онҳое, ки ба хотири онҳо ба назди қуттии раъйдиҳӣ омада, овоз додаанд, машғул мешаванд. Намояндагони аҳзобе, ки ба парлумон роҳ наёфтаанд, табиист, ки намояндагони халқро ба бесалоҳиятӣ айбдор мекунанд. Масалан, Шокирҷони Ҳаким – доктори илми ҳуқуқ ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфтааст,ки  “онҳо на таҷрибаи кофии кор дар парлумонро доранд ва на аз техникаи эҷоди қонунҳо бархӯрдоранд. ” Наход депутатҳое, ки мардум интихоб намудаанд, сазовари чунин гуфтаҳо бошанд? Инро мавсими нави кори депутатҳо нишон хоҳад дод.

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *