85-солагии Ҳабибулло Абдураззоқов дар Эрон таҷлил мешавад
Муассисаи фарҳангии ЭКО соли 2022 тасмим дорад бузургдошти 85-солагии Ҳабибулло Абдураззоқов — коргардони маъруф ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дар Теҳрон баргузор намояд.
Ин матлаб дар дидори Сарвар Бахтӣ — Раиси ин Муассисаи байналмилалӣ бо Масъуд Ҷаъфарии Ҷузонӣ — коргардон, нависанда ва филмсози эронӣ матраҳ шуд.
Қарор шудааст ин маросим бо ширкати ҳунармандон ва синамогарони машҳури кишварҳои ЭКО дар Муассисаи фарҳангӣ ҳамроҳ бо филме аз зиндагӣ ва фаъолияти Ҳабибулло Абдураззоқов ва намоишгоҳи акс барпо шавад.
Ёдовар мешавем Ҳабибулло Абдураззоқов дар сериёли телевизонии 44- қисматии «Дар чашми бод», ки бузургтарин пружаи сериёлсозӣ дар телевизиони Эрон аст, ҳамроҳ бо чанд ҳунарпешаи дигари тоҷик нақш бозида буд.
Масъуди Ҷаъфарии Ҷузҷонӣ аз дӯстони наздики марҳум Абдураззоқов ва муаллифи филмҳои «Ба сӯи озодӣ», «Ҷодаҳои сард», «Дар масири тундбод», «Булуғ», «Пушти девори сукут», «Биҳишти табаҳкорон», «Хоҷа Насираддини Тусӣ» ва ғайра мебошад.
Ин аввалин бор аст, ки дар Эрон барои як ҳунарманди арсаи синамои тоҷик накӯдошт дар сатҳи байналмилалӣ доир мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ