Австрия ваъда дод, ки Украинаро дар душворӣ танҳо намегузорад

Канслери Австрия Карл Неҳаммер гуфтааст, ки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо то ҳол дар бораи таҳримҳои мушаххас алайҳи Русия ба далели вазъ дар марз бо Украина суҳбат намекунанд, вале ба ҳар сурат, ваъда медиҳанд, ки Киевро дар душворӣ танҳо нагузоранд. Суханони ӯро РИА “Новости” иқтибос овардааст.

«Дар Шӯрои ИА дар бораи он ки агар Русия воқеан марзҳоро нақз кунад, оё мо вокуниш нишон хоҳем дод ё на, баҳсҳо вуҷуд надоранд. Мо ҳамчун Иттиҳоди Аврупо Украинаро дар душворӣ намегузорем»,- итминон додааст Неҳаммер.

Сиёсатмадор афзудааст, ки Олмон ва Фаронса дар танзими мусолиҳатомез дар шарқи Украина нақши муҳим доранд. Зимнан, ӯ на гуфтушунид дар чорчӯбаи «формати нормандй», балки имкониятҳои кишварҳоро барои фишор ба Маскав дар назар доштааст. Ба гуфтаи Неҳаммер, ин омили муҳими танзим аст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15-уми декабр президенти Украина Владимир Зеленский дар Брюссел бо президенти Фаронса Эммануэл вохӯрдаву вазъ дар Донбасро баррасӣ намуда, аз Русия даъват ба амал оварда буданд, то дар чорчӯбаи “формати нормандӣ” “муносибати созанда”-ро пеша кунад. Худи Маскав ҳам борҳо аҳамияти чунин мулоқотҳоро таъкид кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *