барқ

8,6 млн доллар даромад. Тоҷикистон ба куҷо барқ содирот мекунад?

Даромади Тоҷикистон аз содироти барқ дар семоҳаи аввали соли равон нисбат ба соли гузашта қариб 18% афзоиш ёфт. 

Гуфта мешавад, ки дар ин давра аз ҳисоби фурӯши барқ ба хориҷи кишвар 8,6 млн доллар даромад ба даст омадааст. Агентии омори Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соли гузашта даромад аз содироти барқ ҳудуди 7,3 млн долларро ташкил дода буд.

Таъкид мегардад, ки афзоиши ҳаҷми даромад дар 3 моҳи аввали соли равон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта муодили 17,5% шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Агентии омор тавзеҳ додааст, ки дар моҳи феврал ҳаҷми содирот 2,5 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба моҳи январ, ки содирот ба 4,3 миллион доллар расид, 42% камтар буд.

Дар рӯйхати харидорони асосии барқи Тоҷикистон одатан кишварҳои Афғонистон ва Ӯзбекистон рост меоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *