Як кори хайри Аҳмад Зоҳир

Пиразане дар шаҳри Алиободи Афғонистон сарсону саргардон буд. Писараш мубталои бемории вазнин буд. Дар шифохона барояш дорую дармони зиёде навиштанд, ки тавони харидориро надошт. Нархи табобати фарзандаш наздики 15 ҳазор доллар буд.

Пиразан аз дорухона ноумеду малул берун шуд. Дар назди дар ҷавонмарди зебоеро вохӯрд. Ҷавонмард дарди дили пиразанро пурсид. Ӯ ҳам арзи дил кард. Ҷавонмард ба доруфурӯш амр дод, ки дорую даворо бидиҳад ва маблағи табобати писари пиразанро пардохт кард. Писари пиразан шифо ёфт.

Пас аз чанде марги фоҷиавори Аҳмад Зоҳири ширинсадо ҷомеаи Афғонистонро ба ларза овард. Пиразан дар акс он ҷавонмардро шинохт. Он наҷотдиҳанда Аҳмад Зоҳир буд.

Ҳар рӯзи ҷумъа вақте хонум Фахрия ба сари қабри шавҳараш Аҳмад Зоҳир меомад, он пиразанро он он ҷо медид…

Нурулло ҲАСАНОВ, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *