Магистранти тоҷик “Беҳтарин олими ҷавони ИДМ» шуд

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ бо ғолиби Озмун — магистранти соли аввали шуъбаи магистрантура Юнусалиев Умедҷон Амонқулович вохӯрӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои Академия, Ғафурзода А. Д. барои дастоварди байналмилалӣ ӯро табрик намуда, дар таҳсил ва фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳои тозаи эҷодӣ таманно намудааст.

Хотиррасон мешавем, ки дар шаҳри Нур — Султони Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии донишҷӯён бо дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии “Ҳаракати умумимилии Бобек”-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Китобхонаи илмии электронии “eLIBRARY.RU”-и Федератсияи Русия ҷиҳати муайяннамоии беҳтарин олими ҷавон миёни муассисаҳои илмию олии кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон озмуни байналмилалии “Беҳтарин олими ҷавони ИДМ — 2023” аз рӯи бахшҳои илм, ҷомеашиносӣ, ҳуқуқ, адабиёт ва санъат баргузор гардид. Дар озмуни мазкур муҳассили соли аввали шуъбаи магистрантураи Академияи идоракунӣ Юнусалиев Умедҷон Амонқулович зери роҳбарии ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ иштирок намуда, дар асоси хулосаи комиссияи озмун барандаи ҷоизаи “Беҳтарин олими ҷавони ИДМ — 2023” дар бахши илмҳои ҷомеашиносӣ гардид ва бо дипломи дараҷаи I, шаҳодатнома ва медали сарисинагӣ мукофотонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки чанд муддат пеш ҳам Умедҷон Юнусалиев дар олимпиадаи байналмилали Ҳан-Жоу иштироки фаъолона намуда, барандаи шоҳҷоизаи ин озмун гардид ва роҳхат барои сафар ба Ҷумҳурии мардумии Чинро ба даст оварда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *