Таъбири хобе, ки бӯйи Фаркасна мекунад

Ҷаноби Фазлиддин Асозода!

Ба фикрам дигар таъбиргӯӣ ва фолбинии ман ба шумо кумак намекунад. Зеро хобҳои шумо торафт пурмаммову таъбирашон мушкилтар шуда истодааст. Ман бояд “Хобнома” нависам. Аз тарафи дигар, хуб аст, ки шумо хобҳои зиёд мебинед, зеро хоббинӣ ҳам яке аз роҳҳои қонеъ кардани эҳтиёҷоти худ аст ва бо ин роҳ нахуст агар аз муъҷизоти олам хабар ёбед, аз тарафи дигар, он чиро, ки дар бедорӣ ба шумо дастнорас аст, дар хоб пайдо мекунед. Беҳуда нагуфтаанд, ки “гурусна дар хоб нон мебинад”. Масалан ман, ки ҳамасола 6 моҳи умрам бо муҷаррадӣ мегузарад, фақат “зан” хоб мебинам.

Бармегардем сари хоби навбатӣ. Шумо дар хоб савори аспи сиёҳмушкин ба ҷамъоварии замбурӯғ ба куҳ меравед. Дар роҳ яке ба аспи шумо савор мешаваду баъд дигаре ва дар ниҳоят худатон ба он савор шуда, аз ду ҳамроҳи хира халос мешавед. Ба асп савор шуда, онро метозонеду метозонед ва дар ниҳоят замбурӯғро ҳам пайдо мекунед. Замбурӯғи бузургеро, ки… ҳатто дар хоб диданаш бовар нокарданист…, вале таъбири хуб дорад.

Намедонам барои чӣ, вале бори аввал аст, ки ҷинҳоям дар кумак кардан ба таъбири хоби шумо мухолифат накарданд. Шояд барои он бошад, ки онҳо умедворанд, рӯзе дар бедорӣ таъбиркунандаи хобро ақаллан бо ним кило замбурӯғ зиёфат мекунед.

Асп дар хоб рамзи пешравӣ ва шуҳрат аст. Шуморо шуҳрат ва шукуфоӣ интизор асту ояндаи дурахшон дар пеш доред. Лекин шумо аспи сиёҳро хоб дидаед, ки ин яке аз руъёҳои танҳоист. Ба фикрам дар “бистари хоб” канори майдони картошка дониста ва ё надониста ягон кулӯхеро савор шудаед, ки ба назаратон асп намудааст.

Аспи сиёҳ инчунин ба мавҷудияти монеаҳои зиёд далолат мекунад, ки хоббинро дар ҳолати ноумедии зиёд қарор медиҳад, аммо набояд ноумед шуд. Зеро аспи сиёҳ маънои хатми баъзе аз баҳсҳои зиёдатӣ ва берун аз манфиатро низ дорад. Агар бо нафаре баҳс доред, пас кафолат медиҳам, ки ин ҳама баҳсҳо ба манфиати шумо тамом шуданд. Дар хоб аспро аз дур дидан нишонаи хабари хуш шуниданро дорад, савор шудан ба он бошад, ин ба он далолат мекунад, ки худ паҳнкунандаи хабари хуш мешавед. Аспсаворӣ ба шаъну шараф ва мақоми имтиёзноке далолат мекунад, ки шумо дар оянда ба даст хоҳед овард. Яъне, расидан ба ҳама орзуҳоятон торафт наздик мешавад.

Куҳ дар хоб яке аз ҷойгоҳҳои баландест, ки шуморо бо мақоми нав интизор аст. Бештари тафсирҳо гуфтаанд, шахсе, ки куҳро дар хоб мебинад, ба баландӣ ва баландиҳое, ки бинанда ба он мерасад, далолат мекунад. Так что, шуморо мансаби нав интизор аст. Агар мансаби баландтар нарасад, янга дар хона ба зери поятон як қабат кӯрпа зиёдтар мепартояд ва ё худатон рахти хоби баландтар мехаред. Ба назари ҷинҳои ман, маҳз ҳаминаш амалишаванда аст.

“Пайроҳаи печон” дар хоб расидан ба дараҷаи баланд бо заҳмати зиёд аст. Аз он ки дӯстони шумо дигар чизро бо замбурӯғ иштибоҳ карда, фиреб хӯрданд, ин фиреби замона аст, ки онро ҳама мехӯранд, фақат шумо аз он эмин мемонед.

Замбурӯғи бузурги дар хоб дидаи шумо маро ба ёди солҳои кӯдакӣ бурд. Дар деҳа чӯпоне доштем, ки нақлҳои аҷибе дошт. Ҳар баҳор ҳангоми тӯли рама, яъне зойидани бузҳо, мо талабаҳои мактаб низ ба чӯпонӣ мерафтем, то бузғолаҳои нав таваллудшударо эҳтиёт карда, бегоҳ ба хона орем. Чӯпони мо дар нақли ҳодисаҳо ҳамто надошт. Баъзан дидаву шунидаҳояшро чунон нақл мекард, ки ҳама гӯшу ҳуш мутаваҷҷеҳи даҳони ӯ мешудем. Рӯзе баъди борон дар мавзее бо номи Ходаи хушк ман якчанд замбурӯғ ҷамъ кардам ва як замбурӯғи калонеро ба чӯпон нишон дода, пурсидам:

— Амак, оё шумо ҳам ягон маротиба чунин замбурӯғи калон ёфтаед?

— Ин ҳоло чӣ аст?,- гуфта, ба нақл кардан шуруъ намуд:

— Рӯзе бузҳоро ба чаро сар дода, дар баландие нишаста, онҳоро назора мекардам. Дар ҷои нишастам, ногоҳ эҳсос кардам, ки чизе аз замин маро мебардорад. Сабр карда, натиҷаашро интизор шудам, ки тақрибан дар 4-5 дақиқа чизе маро то як метр аз ҷоям бардошт. Зуд аз болояш фаромадам, ки як замбурӯғи бузург буд. Ончунон бузург, ки баландиаш бештар аз як метр ва паҳноияш аз он ҳам бештар буд. Хостам тела дода, афтонам, зӯрам нарасид. Бо асои дастам аз бехаш канданӣ шудам, нашуд. Он гоҳ бо табар бехашро бурида, афтондам. Хостам пуштора кунам, вале натавонистам. Хеле вазнин буд. Бо табар аз мобайнаш бурида, ду қисм карда, ҳамроҳамро ба кумак даъват карда, базӯр ба хар бор карда, хона овардем. Ҳамсояҳоро ҷамъ карда, онро реза-реза карда, дар як деги калони садкилоии маърака пухтем. Ана он хориҷ не, хориҷҷон буд (замбурӯғро дар мо хориҷ мегӯянд). Тамоми ҳамсояҳо хӯрда сер шуданд, ҳама бачаҳои қишлоқ хӯрданд, мондагиашро тақсим кардем…

Ҳама “ваҳ” гуфта, бовар кардем ва ҳатто орзу кардем, ки мо ҳам агар чунин замбурӯғ ёбем, ба ҳама ҳамдеҳаҳо тақсим мекунем.

Ин нақле буд, ки мо шунида бовар карда будем, вале вақте ин хабарро бегоҳ ба падару модар нақл кардам, хандида гуфтанд:

— Ин воҳимаат бӯйи Фаркасна мекунад.

Вақте “Фаркасна чӣ маъно дорад?” гуфта пурсидам, маълум шуд, ки чунин усули нақлро фақат чӯпони мо бо рамзу тамсил баён карда метавонистааст. Ва азбаски ӯ дар мавзее бо номи Фаркасна зиндагӣ дошт, ҳар нафаре хабарро бо воҳима нақл мекардааст, мардум мегуфтаанд: “Ин хабарат бӯйи Фаркасна мекунад!”.

Яъне, бӯйи Фаркасна ки гуфтанд, ё хабари шуморо дурӯғ гуфтанд ва ё пур аз воҳима.

Хоби шумо ҳам ба назари ман бӯйи Фаркасна мекунад.

Замбурӯғро барои он шумо дар хоб дидед, ки нархаш ба 70-80 сомонӣ расиду дастнорас шуд. Шумо, ки маззаи онро дар бедорӣ чашида наметавонед, ақаллан дар хоб чашиданатон даркор буд, ки чашидед. Имрӯзҳо на танҳо шумо, дар умум мо рӯзноманигорон ва аҳли зиё бисёр чизҳои бомазза ва гаронарзишро асосан дар хоб мебинем.

Шафшафи таъбиротро гуфтам, шафтолуяш чунин аст:

1. Шуморо обрӯву эътибори нав ва ҳатто курсиву мансаб интизор аст.

2. То расидан ба мансаб пайроҳаҳо ва тангкӯчаҳои хавфнокро мегузаред. Эҳтимоли дар тангкӯча дармондан ва аз он набаромаданатон ҳам мавҷуд аст. Барои ҳамин, агар хоҳед, ки ба ҷони ҷавонатон зиён нарасад, аз ҳар гуна мансаб даст кашед ва ҳатто орзуяшро накунед. Аниқтараш, фақат дар хоб бинед.

3. Замбурӯғро ҳамоно дар хоб мебинед ва дар хоб мехӯред. Нотарсида дар хоб хӯрдани замбурӯғи бомаззаро идома диҳед, ин ба буҷаи оилавии шумо зарар намерасонад.

Холиқназар ҶУМЪАЗОДА, экстрасенс

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *