Ҷамъи 14: Дар Тоҷикистон толорҳои алоқа зиёдтар шуданд

Тӯли панҷ моҳи соли 2023 МегаФон Тоҷикистон 14 толори нави фирмавиро ифтитоҳ намуд. Шабакаи фурӯши ширкатро нуқтаҳо дар Душанбе ва НТМ, Хатлон ва вилояти Суғд пурра намуданд. Хизматрасониҳои онҳо ҳам ба муштариён, ҳам ба сокинони дигари кишвар нигаронида шудаанд.

Миқдори хизматрасониҳои асосӣ ва иловагии ширкат пайваста афзоиш меёбад. Дар толорҳои алоқа сокинон имкон доранд, ки тавозуни телефонро пур кунанд, қарзҳо ва маблағи хизматрасониҳои ХКМ-ро пардохт кунанд, маблағ интиқол диҳанд, дастгоҳҳои мобилӣ харанд. Мутахассисони МегаФон ҳамеша омода ҳастанд, ки оид ба тарзи пайвасткунии интернети ноқилии хонагӣ ё дастраскунии маблағи нақд аз корт бо ёрии хизматрасонии «Cash Out” маълумот диҳанд. Амали охиринро инчунин метавон бевосита дар толори оператор бо пешниҳоди шиноснома ва корти бонкии худ «Корти миллӣ” анҷом дод. Барои истифода аз бисёри хизматрасониҳо мизоҷи ширкат будан шарти ҳатмӣ нест.

Оператори имкониятҳои нави рақамӣ толорҳоро дар тамоми кишвар ифтитоҳ менамояд. Аз оғози сол ҳафт суроға дар харитаи Суғд ва чор суроғаи дигар дар харитаи Хатлон пайдо шуданд. Дар НТМ шабакаи фурӯшҳо бо идораҳои хизматрасонӣ дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳринав пурра гардиданд. Дар шаҳри Душанбе бошад, толорҳои нав дар ноҳияи Фирдавсӣ — кӯчаи Саъдии Шерозӣ 6.

Интихоби ҷойҳо барои толорҳои фирмавӣ на танҳо бо теъдоди муштариёни дар наздикӣ истиқоматкунанда муайян карда мешавад. “Сокинони ноҳияҳо ба шаҳру шаҳракҳо омада, харидҳо мекунанд, ё аз муассисаҳои давлатӣ боздид ба амал меоранд. Толорҳои мо асосан дар наздикии мағозаю бозорҳо, бонкҳо ва биноҳои маъмурӣ қарор гирифтаанд. Ин имкон медиҳад, ки масъалаҳои “мобилӣ” ва маишӣ раҳораҳ, ҳамчуноне, ки мизоҷон аз мегаполису марказҳои ноҳиявӣ мекунанд, ҳал карда шаванд”,- шарҳ медиҳад роҳбари хадамоти фурӯшҳо ва хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Сунатулло БАБАЕВ.

Суроғаи наздиктарин толори фирмавии алоқаро метавон аз сомонаи оператор пайдо намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *