Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Ба боғча дер мекунам

Зан ба рухсатии корӣ мебарояд. Шавҳар субҳ аз хоб хеста, духтарчаашро аз хоб бедор мекунаду ба боғчаи бачагона мебарад. Ба як боғчаи бачагона мераванд, ба боғчаи дуюм мераванд, ба боғчаи сеюм мераванд, вале тамоми мураббияҳо кӯдакро қабул намекунанд. Духтарак ба падараш мегӯяд:

— Дада, агар ҳамин хел маро ба боғчаҳо бурдан гиред, ман ба мактаб дер мекунам.

Амрико дар Париж

Писар:

— Дадаҷон, биёед як ба Амрико рафта, Парижро тамошо кунем.

Падар:

— Майлаш бачаҷон, лекин аввал рафта, каллаи муаллими ҷуғрофияатонро кандан даркор.

Хостгорӣ

Духтар ба дӯстдоштааш:

— Ҷонам, ман метарсам.

Ҷавон:

— Аз чӣ метарсӣ, ҷонам? Натарс!

Духтар мегӯяд:

— Мабодо ту ба хостгорӣ биёӣ, ки хонаводаи мо розӣ нашаванд…

Ҷавон мегӯяд:

— Натарс ҷонам, ман бе он ҳам рафтанӣ нестам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *