толеънома

Толеъномаи 12-уми марти соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз барои ҳамалҳо як қатор навгониҳоро пеш меорад. Дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмиҳо боиси сар задани ҷангу ҷанҷол мешаванд, агар оромона ҳамаашро тоқат кунед, то охири рӯз ҳамааш мисли пешина хуб мешавад. Нимаи дуюми рӯз вазъияти молиявиатон муътадил мешавад. Даромади пулӣ ин рӯз шуморо дар назар нест.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз ошиқатон аз ҷуфтшавӣ сухан мекушояд. Саросема нашаведу ҳаматарафа ӯро санҷед. Охири рӯз даромади калоне ба даст меоред, як қисмашро барои ҳалли мушкилиҳоятон сарф кунед. Инчунин дар ин рӯз омадани меҳмонҳоро интизор шавед, онҳоро бо гап гусел накунед. Албатта ба тозагӣ ҳам аҳамият диҳед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Ин рӯз ситораҳо сабуриро тавсия медиҳанд. Зеро мушкилиҳое пеш меоянд, ки дар танҳоӣ ҳал карда наметавонед. Аз ошиқатон кумак пурседу худро бо фикри беҳуда азоб надиҳед. Нимаи дуюми рӯз дӯсти наздикатон шуморо фиреб дода, ба чашматон хок пошиданӣ мешавад. Офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Дер ё зуд ҳамааш рӯи об мебарояд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи нав бо хабарҳои хушаш аз рӯзҳои гузашту каме фарқ мекунад. Барои ба мақсад расидан каме фаъол бошеду тамоми имкониятҳоро ба фоидаи худ истифода баред. Нимаи дуюми рӯз дар роҳ бо дӯстатон сайругашткунон ошиқи бевафоятонро мебинед.

Асад (23 июл-23 август)

Амалишавии орзуи деринатон рашку ҳасади атрофиёнро меорад. Барои ҳалли масъалаи ҳаётан муҳим маблағ лозим мешавад. Қарз бигиреду корҳоятонро анҷом диҳед, имкон даст диҳад, пулро  бармегардонед. Хонаатонро ба тартиб ореду агар лозим шавад, каме таъмир ҳам кунед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз дурӯғи ошиқатон фош шуда, муносибатҳоятон хотима меёбад. Маъшуқа доштанашро аз дӯсти наздикаш шунида, ӯро бо ду дасти адаб ба рақибатон туҳфа мекунед. Озурда нашавед. Сар бошад, тоқӣ бисёр. Нимаи дуюми рӯз фикри оғози тиҷорат мекунед, вале барои ин маблағи калон ва қувва лозим аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз вазъи саломатии шахси наздикатон шуморо ба ташвиш меорад. Воҳима накунеду ӯро аз ташхис гузаронида, ором шавед. Дар ҷодаи ишқ каме бамеҳртар бошед, худро ба ёратон наздиктар кунеду бахтатонро аз даст надиҳед. Охири рӯз барои ба даст овардани маблағ ақлатонро ба кор бареду дар назди дигарон худро муҳтоҷ накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз мушкилиҳои хонаатонро ба берун набароред, вагарна дар назди душманон забонкӯтоҳ мешавед. Ақрабҳои бекор ба ҷустуҷӯи кор бароянду ба шиносони деринашон муроҷиат кунанд. Нимаи дуюми рӯз ошиқ шуданатон эҳтимол дорад. Дӯсти деринатон бехабар аз ишқи шумо дасту дилашро тақдим мекунаду аз меҳру муҳаббаташ сухан мекушояд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ба саломатиятон ҳам беаҳамиятӣ накунед, вагарна бемориатон хурӯҷ мекунад. Барои беаҳамиятӣ ва серкориятон аз ошиқатон танбеҳ мешунавед. Ҳатман вақт ҷудо кунед, вагарна хавфи танҳо мондан дар назар аст. Бегоҳирӯзиро барои худ сарф кунеду ҳар лаҳзаро ғанимат донед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Аввали рӯз ҳолати руҳиятон вобаста ба боду ҳаво иваз мешавад. Эҳтимоли ба доми иғвоангезон афтоданатон дар назар аст, агар оромиро пеша кунеду ба онҳо аҳамият надиҳед, тамоми нақшаҳояшон барбод меравад. Барои харидани ашёи лозима каме маблағ зарур мешавад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз каме дар бораи ояндаатон фикр кунед, зеро танҳоӣ аз гӯр ҳам тангу торик аст. Шояд шарики умратон дар чашматон аён аст, вале то ҳол шумо дарк накардаед. Нимаи дуюми рӯз бе сабаб ҷанҷол мебардореду дӯстатонро меранҷонед. Асабҳоятонро дар аввал ором кунеду бахшиш пурсиданро фаромӯш накунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Корҳои нотамоматонро анҷом диҳеду аз пайи оғози корҳои нав шавед. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат шуморо комёбӣ дар назар аст. Ҷангу ҷанҷоли гузаштаро фаромӯш созеду ояндаатонро обод кунед. Ба саломатии гурдаҳо диққати хоса зоҳир намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *