Аҳмадзода барои таҷдиди НБО-и «Қайроққум» масъулинро вазифадор кард
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо таҷдид ва барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии «Қайроққум» шинос шуд.
Зимни боздид маълумот дода шуд, ки ҳоло навсозии агрегатҳои иншооти муҳими соҳаи энергетика тибқи нақша ҷараён дорад.
Роҳбарияти вилоят барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои таҷдиду навсозӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки НБО-и «Қайроққум» дорои шаш агрегат аст. Агрегати якуми он бо иқтидори 21 мегаватт 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ