Дабири СААД: Эҳтимоли муноқишаи Тоҷикистону Қирғизистон нест!

Эҳтимоли муноқиша миёни Бишкеку Душанбе ва аломатҳои ошкори ихтилофи назар байни аъзои СААД мавҷуд нест.

Ин нуктаро дабири кулли СААД Имангалӣ Тасмагамбетов баён доштааст.

Вай аз иродаи раҳбарияти сиёсии ду кишвар – Қирғизистон ва Тоҷикистон тавсиф кард, ки имконият дод, то муайянсозии марзи давлатӣ оғоз шуда, бомуваффақият ҷараён дорад.

«Даст ёфтан ба ҳалли сиёсии мушкилоти марзӣ барои абадан зарфияти низоъ байни Душанбе ва Бишкекро бартараф мекунад», — гуфт дабири СААД.

Вай афзуд, аломатҳои ошкори ихтилофи назар байни аъзои созмон ба далели тезутунд шудани вазъи геополитикӣ низ ба назар намерасад.

Тасмагамбетов муътақид аст, ки ба шарофати СААД кишварҳои узв имкони таъмини амнияти миллиро пурра доранд.

Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иттилоъ дода буд, ки давоми соли гузашта зиёда аз 197 км ҳудудҳои мушкил тасвиб шуда, 10% боқӣ мондааст, ки ин аз 97 то 103 км хати сарҳадро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *