Дар Конибодом мардеро бо ҳамсараш ба қатл расониданд 

Дар шаҳри Конибодом ҷасади зану шавҳарро дар хонаашон пайдо кардаанд.

Онҳо шаби 16 ба 17-уми апрел дар ҷамоати Ғафурҷон Ортиқов кушта шуданд. Сабаби куштор ҳоло дақиқ нест. Аз ҳукумати шаҳри Конибодом  17-уми апрел ҳодисаро тасдиқ карда, гуфтанд, ки мақомоти корҳои дохилӣ ҳоло таҳқиқ доранд.

 «Ин зану шавҳар дар маҳаллаи «Вокзал»-и ҷамоати Ғафурҷон Ортиқов зиндагӣ мекарданд. Сабаби куштор ҳоло маълум нест»,-гуфт манбаъ.

Масъули дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Акбар Шарифӣ низ дар суҳбат ба Pressa.tj ҳодисаро тасдиқ карда, гуфт, ки куштори зану шавҳар бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар Конибодом ба қайд гирифта шудааст. Ҳоло  таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Ному насаби зану шавҳари фавтида низ феълан маълум нест. 

 Фарзона Шамсиева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *