Масъулиятшиносӣ бояд тарафайн бошад

Кормандони “IRS” аз бетафовутии баъзе шаҳрвандон  дар робита ба ҳифзи муҳити зист нигаронанд

Дар баробари нигоҳдории роҳи Душанбе  — Чаноқ,  роҳбарият ва кормандони мо ба дигар масъалаҳо, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист низ бетафовут нестанд. 

  Шинонидани ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда дар масири роҳ,  парвариши гулҳои гуногун, бунёди боғ дар ҳудуди намояндагиҳои филиали Ширкат аз корҳое мебошанд,  ки мунтазам амалӣ мегарданд .

Илова бар ин,  кормандони мо доимо дар тоза намудани гирду атрофи роҳи мазкур аз партов иштирок намуда,  барои безараргардонии онҳо низ бетаъхир тадбир меандешанд. Бо ибтикори “IRS” дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва дигар шаҳру навоҳии минтақаи Суғд дар масири  Душанбе — Чанок гузоштани қуттиҳои махсус барои ҷамъоварии партов идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад. 

Лозим ба ёдоварист, ки дар даҳсолаи охир зарфҳои пластикӣ боиси фоҷиаи  экологӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар уқёнуси ҷаҳонӣ доғҳои бузурге аз партовҳо ба вуҷуд омадаанд, ки асосан аз халтаҳои полииэтилении вайроннашаванда ва зарфҳои пластикӣ таркиб ёфтаанд. Солҳои охир чунин вазъ хатари осеб расонидан ба ҳаёт дар рӯи Заминро ба вуҷуд овард ва ҷомеаи ҷаҳонӣ тасмим гирифт, ки ҷиҳати ислоҳи он бетаъхир тадбир андешад.

Чунин қуттиҳо асосан дар минтақаҳое гузошта шудаанд, ки барои ронандагону мусофирон ва  сайёҳону истироҳаткунандагон дастрас мебошанд. Насби онҳо бояд имкон фароҳам орад, ки канори шоҳроҳ, минтақаҳои назди мавзеъҳои истироҳатию сайёҳӣ ва маҳалҳои аҳолинишин ҳамеша тозаю озода нигоҳ дошта шаванд. Ҳоло дар канори шоҳроҳи мазкур,  минтақаҳои назди мавзеъҳои истироҳатию сайёҳӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ин ҷода  беш аз 50 қуттии махсус барои партов насб шуда, ояндаи наздик теъдоди онҳо ба 70 адад хоҳад расид.

Мутаассифона, баъзе шаҳрвандон ҳоло ҳам партовҳоро ба канор ва рӯи роҳ партофта, ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд.  Аз ҷониби дигар,  чунин тарзи кор  муаррифии шоистаи минтақаҳои сайёҳии мамлакатро, ки аксарашон дар масири зикршуда ҷойгиранд, зери суол мебарад. Тавре маълум аст, сайёҳон ба осоишгоҳҳои машҳури «Хоҷа Оби гарм», «Баҳористон», «Шифо», «Зумрад» «Сафед-дара», «Авис-сити», «Ҳавотоғ» ва амсоли инҳо тавассути роҳи мазкур сафар мекунанд.  Табиист, ки ҳолати роҳ ва раванди нигоҳдории он барои  ҷалби бештари сайёҳон, таваҷҷуҳбарангез шудани минтақа барои ҷаҳонгардон, беҳбудӣ ёфтани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ омили калидӣ маҳсуб мешавад.

Роҳбарият ва кормандони “IRS”  илова ба иҷрои вазифаи асосии худ – нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ, инчунин дар дар ҳифзи муҳити зист бениҳоят масъулиятшиносанд.  Вале хуб мешуд, агар масъулиятшиносӣ тарафайн бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *