Тоҷикистон дар самти соҳибкорӣ қонуни нав қабул мекунад

Дар шаҳри Душанбе коршиносону намояндагони вазорату идораҳо ва вакилони парлумон қонуни наверо дар самти соҳибкорӣ баррасӣ карданд.

16-уми апрел дар маҳфили “Тавозун” Ҷамшед Муртазозода, вакили парлумон ва роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ гуфт, дар самти соҳибкории иҷтимоӣ дар кишвар қонуни алоҳида нест ва ягона ҳуҷҷате, ки дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ сухан меравад, ин Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 аст.

Ӯ гуфт, эҳтимол қонун то моҳи сентябр-октябри соли равон аз ҷониби вакилони парлумон қабул шавад.
Гуфта мешавад, ки қонуни нав фарогири 5 фасл ва 25 модда аст.
Дар қонун 21 категорияи шаҳрвандон, аз ҷумла қишри осебпазири аҳолӣ ҳастанд, ки метавонанд ба соҳибкории иҷтимоӣ машғул шаванд.

Соҳибкории иҷтимоӣ як роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути тиҷорат буда, агарчи ҳадаф аз ҳама гуна тиҷорат даромад ба даст овардан аст, вале соҳибкории иҷтимоӣ бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа нигаронида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *