Байни ДМТ ва муассисаҳои олии Ӯзбекистон созишномаҳои нав имзо шуданд

Байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва чанде аз донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Имзои ин созишномаҳо дар доираи баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар пояи Донишгоҳи давлатии иқтисоди шаҳри Тошканд сурат гирифт.  

Гуфта мешавад, ки созишнома дар робита ба самтҳои гуногуни соҳаи таҳсилоти олии кишварҳо омода гардида, ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ заминаи мусоид мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки форуми мазкур рӯзҳои 15- 16 апрели соли равон дар пояи Донишгоҳи давлатии иқтисоди шаҳри Тошканди таҳти унвони «Соли 2030. Ҳадафҳои рушди таҳсилоти олӣ ва илм дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» доир гардид.

Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шарипов Конгратбай, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *