Ғ.А. Абдусатторовро ба 14 соли зиндон маҳкум карданд

Додгоҳи Шаҳринав сокини ҷамоати Сабои ин ноҳия Ғ.А. Абдусатторовро, ки дар роҳи сафар ба Сурия бо 5 шиносномаи қалбакӣ дастгир шуда буд, ба 14 соли зиндон маҳкум кардааст. Абдусатторов моҳи декабри соли 2015 дар Молдова вақте дастгир шуд, ки азми сафари Сурияро дошт.

Маркази матбуоти додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7 август ҷузъиёти парвандаи сокини ҷамоати Сабои ноҳияи Шаҳринав Абдусатторов Ғ.А.-ро нашр кард.

Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав ҳанӯз рӯзи 14 июн Абдусатторовро бар асоси моддаҳои 401.1 ва 401-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (зархаридӣ) ба 14 соли зиндон маҳкум кардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, Абдусатторов дар соли 2013 дар Русия бо як шаҳрванди Қирғизистон бо тахаллуси «Абӯнӯҳ” шинос шуда, таҳти ташвиқи вай «ғоя ва ҳадафҳои нопоки ташкилоти террористию эктремистии «Давлати Исломии Ироқу Шом”-ро дастгирӣ кардааст.”

Абдусатторов баъди пайвастан ба ДИИШ сокинони дигари ноҳияи Шаҳринавро, ки дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанд, «барои иштирок дар задухўрдҳои мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ ба Ҷумҳурии Арабии Сурия сафарбар кардааст.”

Маркази матбуоти додситонии кулли Тоҷикистон меафзояд, бар замми ин, худи Абдусатторов низ моҳи декабри соли 2015 азми сафар ба Сурия «бо мақсади ҷиҳод ва иштирок дар задухўрдҳои мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ”-ро кардааст.

Ӯ қабл аз сафар «бо номи «Хайрулло”, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, 5 адад шиносномаҳои қалбакӣ, ки ба номи шаҳрвандони дигар кишварҳо сохтакорӣ карда шуда буд ва 4200 доллари ИМА-ро аз ӯ гирифта, бояд ба Ҷумҳурии Арабии Сурия рафта ба аъзои фаъоли ин ташкилоти террористӣ мерасонд.”

Аммо Абдусатторов Ғ.А.дар роҳи сафараш ба Сурия дар қаламрави Молдова бо ин 5 шиносномаи қалбакӣ ба даст афтода, ба Тоҷикистон истирдод карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *