“A Tajik Girl”. Нашри китоб дар бораи духтари тоҷик дар Амрико
Дар Амрико китобе нашр шуд, ки “A Tajik Girl” (духтари тоҷик) ном дорад ва қаҳрамони он Шаҳло Абдураҳмонова ном тоҷикдухтар аст. Муаллифи китоб Марк Тилчен мебошад.
Қаҳрамони ин китоб, яъне Шаҳло соли 2007 тариқи барномаи грантии ИМА барои хатмкунандагони мактаби миёна — FLEX барои таҳсил ба ин кишвар рафт. Шаҳлоро оилаи пиронсоли Марк ва Кристи Тилченҳо аз Иёлоти Калифорния ба фарзандхонӣ қабул карданд.
Тилченҳо аз рӯзҳои аввал ба Шаҳло унс гирифтанд. Падархонди амрикоиаш Марк Тилчен ҳар кори ба назараш ҷолиб намудаи Шаҳлоро дар дафтарчаи ҳамроҳаш навишта мегирифт. Ҳатто акси ин тоҷикдухтар ҳамеша дар ҳамёни ӯ буд.
Соли 2021, баъд аз сездаҳ соли баргаштани Шаҳло аз ИМА, Марк Тилчен асари худро бо номи “A Tajik Girl” (духтари тоҷик) нашр кард. Дар муқоваи китоб ҳамон аксеро гузошт, ки солҳо боз дар ҳамёнаш нигоҳ медорад.
Қаҳрамони асосии асар Шаҳло буда, муаллиф бо василаи нақл аз кору рафтори яксолаи духтари тоҷик дар хонаи ӯ ва маълумотҳои аз ӯ гирифтааш дар бораи тоҷикон, кӯшиш намудааст, ки фарҳангу одатҳои тоҷикону мардуми Тоҷикистонро инъикос намояд. Китоби “A Tajik Girl” ҳоло дар сомонаи тиҷоратии “Amazon” дар фурӯш аст.
Феълан Шаҳло бо ҳамсараш Зокир дар Қатар зиндагӣ мекунанд ва ба фаъолияти омӯзгорӣ машғуланд.
“Мо бо оилаи Тилченҳо то имрӯз дар тамос ҳастем. Ҷаноби Марк мегӯяд, ки акси ту то ҳол дар ҳамёнам, дохили кисаи болои дилам аст”,- мегӯяд Шаҳло.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ