Абдуқодир Талбаков: Вазоратимуҳоҷиратбоядтаъсисдод

Мусаллам аст, ки вазъи кунунии иқтисодии кишварамон имкон намедиҳад тамоми мардумро бо ҷойҳои корӣ таъмин намоянд. Ва хоҳ нохоҳ масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ минбаъд низ мубрам боқӣ мемонад.

Мавриди зикру таъкид аст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо хоси кишвари мо набуда, зуҳуроти байналмилалист. Айни замон дар ақсои олам 250-300 миллион аҳолӣ берун аз давлати худ дар ҳиҷрати корӣ қарор доранд.

Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки дар сохтори ҳукуматамон Вазорати муҳоҷират таъсис бидиҳему ин соҳаро ба низом дарорем. Ва мантиқан дуруст мешуд, ки ин ниҳод дар 4 минтақаи ватанамон омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, тағйири ихтисос, забономӯзӣ таъсис бидиҳад. Ҳамчунин бояд барои раҳоӣ аз вобастагии давлатҳои алоҳида ба тамоми кишварҳои мутараққии минтақаҳои гуногуни дунё гуфтушунид намуда, созишномаҳо ба тасвиб расонид. Ва бо ҳамин роҳ муҳоҷирати бенизом ба низом омада, неруи изофагии корӣ ба хориҷа экспорт мешаваду ҳам давлат ва ҳам халқ манфиат мебардоранд.

Абдуқодир ТАЛБАКОВ

(Ориёмеҳри Зардушт), журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *