Абдуғаффорзода раиси Кумитаи сайёҳӣ шуд

 30 июн бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, Ҳабибулло Амирбекзода муовини аввал ва Ширин Амонзода муовини раиси ин кумитаи навтаъсис таъйин шуданд.

Рӯзи 30 июн билохира исми раҳбарони Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳӣ муайян шуд. Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон, Нӯъмон Абдуғаффорзода раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ таъйин шудааст. Абдуғаффорзода солҳои тӯлонӣ дар дастгоҳи президент кор мекард.

Ӯ аз моҳи феврали соли 2014 котиби Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ буд.

Ҳабибулло Амирбекзода, ки то кунун муовини раиси Кумитаи ҷавон ва варзиш буд, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Ширин Шодӣ Амонзода муовини раиси ин кумитаи навбунёд таъйин шудаанд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ дар поёни моҳи январ аз Кумитаи ҷавонон ҷудо карда шуда, ба як ниҳоди алоҳидаи вобастаи ҳукумат табдил дода шуд. Ҳадаф аз ин дигаргунӣ зарурати додани таваҷҷӯҳи бештар ба рушди ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон ва ба як манбаи муҳими даромади буҷаи кишвар табдил додани ин соҳа гуфта мешуд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 июн дар риштаҳои дигар низ як силсила тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Аз ҷумла бо амри ӯ Махсудҷон Маҳкамзода аз вазифаи мудири котиботи сарвазир озод карда шуд. Сабаби аз ин мақом рафтани Маҳкамзода оварда нашудааст, вале бисёриҳо бар инанд, ки ин нафари наздик ба сарвазир Қоҳир Расулзода ба ягон мансаби баланд меравад.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 июн ҳамчунин ваколати судяи шаҳри Ваҳдат Қудратулло Қурбонзодаро ба далели вафоташ қатъ кард. Вале Тоҷиддин Мирзо Қурбониён  судяи суди ноҳияи Панҷ ба далели «риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифа барканор карда шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *