Ҳисор: 21 бемори рӯҳӣ дар коми оташ

Бар асари сӯхтор дар парваришгоҳи бемориҳои рӯҳии шаҳри Ҳисор, 21 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Сӯхтор дар ин парваришгоҳ соати нӯҳуними шаби 29-уми июн рух додааст.

Дар Идораи оташнишонии шаҳри Ҳисор  гуфтанд, ки бар асари ин сӯхтор як корпус ё бинои ин парваришгоҳ ба таври ҷиддӣ осеб дидааст. Ба гуфтаи онҳо дар ин идора, бар асари ин ҳодиса 21 бемори парваришгоҳ аз дуди ғализ беҳуш шуда ва кормандони муассиса дар ҳамкорӣ бо кормандони идораи оташнишонӣ онҳоро ба биноҳои амни ҳамшафат интиқол доданд. Онҳо феълан таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд

Дар ин парваришгоҳ асосан афроде нигоҳубин мешаванд, ки мубтало ба бемориҳои рӯҳӣ мебошанд. Шумораи бемориҳои рӯҳӣ дар ин парваришгоҳ беш аз 200 нафар гуфта мешавад. Масъулини Идораи оташнишонии Ҳисор мегӯянд, ки сӯхтор асосан боми парваришгоҳро тахриб намудааст. Сабаби ин ҳодиса расиши ноқилҳои барқ гуфта шудааст.

Парваришгоҳи бемориҳои рӯҳӣ дар шаҳри Ҳисор дар шафати комбинати нобиноҳо қарор дорад. Ин парваришгоҳ дар замони Шӯравӣ таъсис шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *